Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба даври ниманиҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ наёфтанд

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки дар бозии чорякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони зери 19-сола аз тими Ҷопон бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуд. Ин бозӣ шаби 24-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Манамаи Баҳрайн барпо гардид.

Футболбозони ҷавони ҷопонӣ дар ҳарду қисми бозӣ ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон дуголӣ заданд. Огава Коки дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Голи дувумро Доан Ритсу дар дақиқаи 18-ум ба ҳадаф расонд. Огава Коки дар дақиқаи 73-юм ҳисобро афзун намуд. Голи чорум ва ниҳоиро Юто Ивасаки дар дақиқаи 88-ум ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид кард.

Ба ин тартиб, мунтахаби Ҷопон дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 27-уми октябр бо тими Ветнам, ки рӯзи якшанбе дар бозии чорякниҳоӣ тими Баҳрайнро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, рақобат мекунад. Тӯбро дар дақиқаи 72-юм ҳамлагарТран Тҳан ба дарвозаи мизбонон зад.

Дар бозии охирини даври чорякниҳоӣ, ки шаби 24-уми октябр дар Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»и Манамаи Баҳрайн баргузор шуд, тими мунтахаби ҷавонони Эрон бар дастаи Узбакистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳарду голро ҳамлагар Ризо Ҷаъфарӣ дар дақиқаҳои 14-ум ва 47-ум ба самар расонд. Ҳамин тариқ, мунтахаби Эрон дар бозии ниманиҳоӣ рӯзи 27-уми октябр бо тими Арабистони Саудӣ рӯбарӯ мешавад.

Дастаҳое, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 дар Баҳрайн ба нимфинал баромаданд, соҳибони роҳхатҳо ба қаҳрамонии ҷаҳон шуданд, ки соли оянда дар Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?