Мунтахаби Ҷопон ғолиби бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2019 гардид

Тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Ҷопон, ки дар бозиҳои чорякниҳоии Чемпионати Осиё дастаи мунтахаби Тоҷикистонро мағлуб карда буд, чемпиони Осиё дар ин синн гардид.

Дар вохӯрии ниҳоӣ, ки дирӯз баргузор гашт, футболбозони ҷопонӣ мунтахаби Арабистони Саудиро шикаст доданд. Футболбозони Ҷопон дар вақти асосӣ ва иловагӣ натиҷаи 0:0-ро нигоҳ доштанд ва барои муайян кардани ғолиб силсилаи зарбаҳои баъдибозӣ таъйин шуданд.

Дар натиҷа футболбозони ҷопон бо натиҷаи 5:3 зафар ёфтанд ва унвони чемпиони Осиёро ба худ гирифтанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?