Мурофиаи Бузургмеҳр Ёров то 13-уми май мавқуф гузошта шуд

Мурофиаи судии Бузургмеҳр Ёров, ки дирӯз бо таъхири 4-соата оғоз шуд, боз ҳам то 13-уми май мавқуф гузошта шуд. 

Вакили дифоъи маъруф, бино ба гузориши хабарнигорон аз боздоштгоҳи муваққати КДАМ то суди ноҳияи Фирдавсӣ бо таҳпӯш омадааст. Либоси рамзии адвокатии Бузургмеҳр Ёровро, ки исрор кардааст, маҳкумшуда нест ва мехоҳад дар толори суд бо либоси вакилӣ ширкат кунад, аз ӯ дар СИЗО гирифтаанд. 

Кормандони мақомот билоохира маҷбур шудаанд ба ӯ либоси адвокатии ӯро баргардонанд.  

Суд ҳамчунин намояндагони хориҷиро ба мурофиа роҳ дод, аммо навор ва аксбардориро аз ҷараёни мурофиа манъ кард. Дар ҳоле, ки мурофиаи адвокати шинохтаи тоҷик кушода эълон шудааст, хабарнигорон ба мурофиа роҳ дода намешаванд.

Адвокати боздоштшуда зимни мурофиа аз хурд будани толор ва дар як ҷо нишастани котиби суд ва айбдоркунандаи давлатӣ эрод гирифта, ин амали судро ғайриқонунӣ унвон кардааст, -мегӯянд шоҳидони мурофиа. 

Вай ҳамчунин аз иштирок надоштани даъвогарон - 18 нафаре, ки ӯро ба тақаллубкорӣ муттаҳам мекунанд, эрод гирифтааст. Аз онҳо дар мурофиа ҳамагӣ як нафар ширкат кардааст. 

Назарҳо

Барои судяхо пеш бурдани парвандаи чунин махкумшавандахо, ки дониш ва сатхи хукукии хеле баланд доранд душвор будагист.

Шояд шумо суол ё назаре доред?