Мусодираи 20 кило маводи нашъадор аз шаҳрванди Афғонистон дар ВМКБ

Аз ҷониби кормандони милитсия дар ВМКБ, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, марди 40-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Зеҷи улусволии Ишкошим, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карда шудаст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дирӯз 19-уми май номбурда, вақти убури сарҳад дар байни деҳаҳои Шанбердӣ ва Қозидеҳ дастгир гардида, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтааш 19 килою 790 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш, дарёфт ва мусодира карда шудаст.

“Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”- мегӯяд манбаъ .

Шояд шумо суол ё назаре доред?