Набимуҳаммад Хоркашев дар мусобиқоти ҷаҳонии самбо мақоми дуюмро гирифт

15-уми ноябр варзишгари тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев дар даври ниҳомии мусобиқоти ҷаҳонии самбо аз варзишгари рус шикаст хурд.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии самбо дар Марокко Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 100 кило вориди майдон шуда, то расидан ба даври ниҳоӣ ҳарифонаш аз Гана, Белорус ва Гурҷистонро шикаст дод. Аммо дар даври ниҳоӣ аз варзишгари русӣ қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Артем Осипенко пеш аз муҳлат бозиро бохт.

Варзишгари тоҷик сазовори ҷойи дуюм шуд. Набимуҳаммад Хоркашев се навбат дар мусобиқоти ҷаҳонии самбо ҷои дуюмро гирифтааст. Ҳарифи ӯ Артем Осипенко бори чаҳорум қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?