Нахустин донишҷӯён дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба таҳсил оғоз карданд ®

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шаҳраки  нахустини донишҷӯёнашро ҳамчун Ҷузъи ҷонибдории васеаш аз тақвияти рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ифтитоҳ намуд.

Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Волоҳазрат Оғохон шаҳраки донишҷӯёни Норинро ифтитоҳ намуданд; маросими мазкурро Раиси Ҷумҳурӣ Алмазбек Атамбаев сарпарастӣ намуд.

Нарин, Ҷумҳурии Қирғизистон, 19-уми октябри соли 2016: Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ), ки ҳамчун катализатор барои рушди вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаҳои манотиқи кӯҳистон таъсис дода шудааст, имрӯз расман шаҳраки донишҷӯёни аввалинашро дар шаҳри Норини Ҷумҳурии Қирғизистон ифтитоҳ намуд.

Биноҳои тозабунёди шаҳри Норин марҳилаи якуми рӯъёи калонро дар майдони 252-гектар, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон тақдим гардида шудааст, намояндагӣ менамоянд. Марҳилаи якум масофаи 14 000 метри мураббаъро дар бар гирифта, дорои хобгоҳ барои 150 нафар донишҷӯ мебошад. Донишгоҳ дорои синфхонаҳои муосир, китобхона ва озмоишгоҳҳо, хобгоҳҳои бехатари модулии донишҷӯён, утоқҳои истиқоматӣ барои устодону кормандон ва инчунин дорои иншооти варзишии сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ҳангоме, ки марҳилаи ниҳоии он ба анҷом мерасад, компус метавонад 1200 донишҷӯёнро дар майдони 125 000 метри мураббаъ фаро гирад.

Донишгоҳи мазкури дунявӣ, ғайритиҷоратӣ ва дорои оинномавии байналмилалӣ аз ҳамкории зич байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва Шабакаи Оғохон оид ба рушд шаҳодат медиҳад.

Чорабинии мазкур, ки таҳти сарпарстии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев баргузор гардид, аз ҷониби Сооронбай Жеенбеков ва Волоҳазрат Оғохон расман кушода шуд.

Сарвазир Жеенбеков бевосита ба донишҷӯёни Донишгоҳ муроҷиат карда,  эълон намуд, ки Донишгоҳ онҳоро бо «дониш ва малакаҳои зарурӣ барои раҳбарони оянда дар соҳаҳои гуногун шудан» таъмин менамояд. Ҳамчунони дигар Донишгоҳро «ҳадя барои ҳамаи мо» номида, сипосгузории хосро ба Волоҳазрат Оғохон барои дурандешиаш изҳор намуд ва давом дод, ки «ояндаи кишвари мо дар дасти ҷавонон аст. Пас маълумоти ҳирфаии босифат барои омода намудани ҷавонон бояд тақвият дода шавад».

«Ин хело ҳам муҳим аст, ки мо дарк карда тавонем, ки коре, ки мо дар ин ҷо карда истодаем, як намунаи арзишманд барои таъсиси ҳамкориҳои байналмилалӣ на танҳо дар минтақаи мазкур, балки берун аз минтақа дар оянда низ хоҳад буд» гуфт Волоҳазрат Оғохон ҳангоми суханронӣ дар чорабинӣ. «Ин Донишгоҳ на фақат аз қудрати илму дониш шаҳодат медиҳад, балки он қудрати ҳамкории байналмилалиро низ мемонад. Ин қудратест, ки метавонад ҳаёти одамонро тағйир диҳад».

Вай суханрониашро давом дода, қайд кард, ки ДОМ  «як Донишгоҳи тозабунёд нест» ва Мактаби Донишгоҳи маълумоти касбӣ ва давомдорро ёдрас намуда гуфт, ки он аллакай беш аз 90 000 нафарро аз аъзоёни парламент сар карда, то техникони компютер таълим додааст. Вай ҳамчунин доир ба Барномаи «Инсоншиносӣ»-и Оғохон гап зада гуфт, ки он ҷонибдории зиёда аз 77 донишгоҳ ва коллеҷҳои дигарро дар саросари Осиёи Марказӣ ба даст овардааст.  Волоҳазрат ҳамчунин ду бозуи таҳқиқотии Донишгоҳро зикр намуд, аз ҷумла Донишкадаи идоракунӣ ва сиёсати давлатии назди Мактаби олии рушд ва Донишкадаи таҳқиқотии ҷомеаҳои манотиқи кӯҳистон ки онҳо  «аллакай кор сари таҳқиқотҳои роҳшикан бурда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ оид ба масъалаҳои муҳим барои пешрафти минтақаи Осиёи марказӣ корро пеш бурда истодаанд».

Дар паҳлӯи ифтитоҳи шаҳраки донишҷӯёни Норин, сохтмони шаҳракҳои баробари сатҳ ва андозаи он дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон (ки ифтитоҳи он дар соли 2017 ба нақша гирифта шудааст) ва дар шаҳри Текелии Қазоқистон (ки ифтитоҳи он дар соли 2019 ба нақша гирифта шудааст) дар назар аст.

Донишҷӯён дар Донишгоҳи шаҳри Норин дар асоси озмун, қобилиятҳои зеҳнӣ ва сарфи назар аз вазъи моддӣ шоистаи ҷой дар гардиданд. Донишгоҳ ба ҳар як донишҷӯи Хатмкунандаи соли 2021 кӯмаки молиявӣ расонида, ба ҳеҷ як донишҷӯи болаёқат бо сабабҳои молиявӣ барои дохилшавӣ ба Донишгоҳ рад накардааст. Донишҷӯён аз марказҳои шаҳр ва шаҳракҳои хурду миёнаи саросари Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Покистон ва Афғонистон шомил шудаанд.

Қариб 40 фоиз аз 71 донишҷӯёни нахустин, ки дар моҳи сентябри соли 2016 ба Донишгоҳ қабул гардиданд, духтарон мебошанд.

Ҳамчунин донишҷӯи Донишгоҳ Эраҷ Узоқов ба аҳли ҷамъомад муроҷиат карда, қайд намуд: «на фақат ҳамсинфони ман гуногунфарҳанг мебошанд, баски аъзоёни факулта ва кормандон низ аз қитъаҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд. Онҳо аз кишварҳои дури ба мисли Канадо, ИМА, Филиппин, Олмон, Озарбойҷон, Покистону Қирғизистон ва кишварҳои наздики Тоҷикистону Қазоқистон омадаанд. Волоҳазрат, Шумо худ солҳо ҷонибдори гуногунандешӣ ва гуногунрангӣ дар саросари ҷаҳон буда, солҳо боз барои таблиғ ва ташвиқи он сарф намудаед ва ман фурӯтанона тасдиқ менамоям, ки шаҳраки донишҷӯёни Норин таҷассумгари ин ақоидатон мебошад».

Дариға Назарбаева узви Сенати парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон, раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ, мудофиа ва амният, ба Конслери Донишгоҳ ба хотири кушодашавии компуси нахустини ДОМ номаи табрикотӣ фиристонда, таъкид кард, ки «ин як марҳилаи муҳим барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад...Татбиқи ин лоиҳаи трансмиллӣ заминаи ҳосилхезро барои таҳкими минбаъдаи муносиботи ҳусни ҳамҷаворӣ дар минтақа фароҳам оварда, барои манфиати халқҳои мо хидмат хоҳад кард».

Волоҳазрат Оғохон аз фурсати муносиб истифода бурда, Оқои Шамс Қассим -Лакхаро ба ҳайси Раиси аввалини Кумитаи мудирияти шӯрои ДОМ таъин намуд.

Дар назар аст, ки таасуроти иқтисодии се шаҳраки Донишгоҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ зиёда аз $ 750 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Дар марҳилаи аввали сохтмони Донишгоҳ  600  адад ҷойҳои нави корӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон (инчунин 800 адади дигар дар қитъаи сохтмони мавқеъ дар Тоҷикистон) ташкил дода шуд. Усули Донишгоҳ дар робита ба банақшагирӣ ва сохтмон ин як ҷузъи рӯъёи калонтаре мебошад, ки барои густариши иқтисоди маҳаллӣ тавассути истифодаи маҳсулот ва маводи маҳаллию минтақавӣ, таҳкими корхонаҳои мавҷуда ва мусоидат ба таъсис додани корхонаҳо пешбинӣ карда шудааст.

Баъди маросим Сарвазир ва Волоҳазрат Оғохон ба Раиси шаҳри Норин Аманбей Қайипов ба хотири чорабинии бахшида ба ифтитоҳи Боғи фарҳангии ба номи Сейтали Ҷақипов мавқеъ дар маркази шаҳри Норин ҳамроҳ шуданд. Боғи мазкур дар доираи ҷонибдориҳои васеътари Ташкилоти Оғохон оид ба рушди фарҳанг барқарор гардида, дар он макони истироҳат, бозиҳо ва машқҳо сохта шуда буд. Маркази тибии диагностикӣ, ки дар наздикии Боғ ҷойгир мебошад, аз ҷониби Хадамоти тандурустии Оғохон сохта шуда, идора гардида мешавад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?