Нахустин филм аз Афғонистон ба “Оскар” пешниҳод шуд

 “Афғонфилм” аввалин филми худро барои дарёфти ҷоизаи ҷаҳонии “Оскар” ба бахши филмҳои хориҷизабон пешниҳод кард.

Ин филм “Рафтан” ном дорад ва бино ба гуфтаи Иброҳими Ориф, раиси идораи “Афғонфилм” он дар Эрон наворбардорӣ шудааст.  Иттиҳодияи таҳиякунандагони Афғонистон аз миёни чаҳор филми пешниҳодшуда барои ҷоизаи Оскар маҳз “Рафтан”-ро интихоб кардааст.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ филмҳои дигар аз қабили “Гург ва барра”-и Шаҳрбону Содот, “Қиссаҳои шаби Афғонистон”-и Руъё Содот ва “Паранда паранда набуд”-и Мирвайси Ораш аз ҷумлаи се филми дигар буданд, ки дар Кумитаи ёдшуда якҷо бо “Рафтан” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Филми “Рафтан” тавлиди муштараки Эрон ва Афғонистон буда, дардҳои муҳоҷиратро баррасӣ мекунад. Навид Муҳаммадӣ ва Ҷамшед Муҳаммадӣ ду бародароне мебошанд, ки дар Эрон иқомат мекунанд ва аз ҷумлаи филбардорони машҳури Афғонистон дар ин кишвар ба шумор мераванд. Раиси идораи “Афғонфилм” мегӯяд, зарфи чанд соли охир ин кишвар чандин филми худро ба ҷашнвораҳои байналмилалӣ муаррифӣ кардааст ва худи ҳамин нишондиҳандаи он нукта мебошад, ки Афғонистон дар филмсозӣ низ ҳузури густарда дар сатҳи байналмилалӣ дорад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?