Нахустин исеъфо баъди фошкориҳои “асноди Панама”

Сигмундур Давид Гуннлаугссон, нахуствазири Исландия дар пайи фошкориҳо ба унвони “асноди Панама” аз вазифааш истеъфо дод.

Ин нахустин истеъфо баъд аз фошкориҳои рӯзи якшанбеи Маркази гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳои созмонёфта ва ришвахорӣ (OCCRP) ва Консорсиуми байналмилалии рӯзноманигорони пажӯҳишгар (ICIJ) мебошад, ки ин таҳқиқот ба номи “Панама-гейт” расонаӣ шудааст. Маводи зиёде дар бораи фасоди густурда дар сатҳи раҳбарии кишварҳое ба мисли Русия, Бритония, , Украина, Сербия, Исландия, Озарбойҷон ва шахсиятҳои алоҳида мунташир шуд.

Ин расвоӣ дар Исландия муҷиби боло гирифтани эътирозҳо дар аҳзоби мухолифи давлат ва ҳамин тавр дар миёни афкори умумӣ шуд. Нахуствазири Исландия, ки пештар гуфта буд, истеъфо намедиҳад, саранҷом аризаи истеъфояшро ба президент пешниҳод кардааст.

Сигмундур Давид Гуннлаугссон, сарвазири Исландия ба пинҳон кардани миллионҳо доллар сармоя таҳти пӯшиши як ширкат дар хориҷ аз марзҳои Исланд муттаҳам мешавад.

Ӯ ҳамроҳ бо ҳамсараш ширкати хориҷиро бо номи Wintris дар соли 2001 харида буданд. Аммо ҳангоме, ки Давид Гуннлаугссон дар соли 2009 вориди парламент шуд, бар хилофи қонун саҳми худ дар ин ширкатро ба парламент эълон накард. То ин, ки ҳашт моҳ пас аз ворид шудан ба парламент ниме аз саҳҳоми ин ширкатро ба қиммати як доллар ба ҳамсараш фурӯхт.

Қисмати бузурге аз ин аснод ба раҳбари феълии Русия Владимир Путин ва атрофиёни он рабт дорад.  

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?