Нахустин нармафроз барои огоҳиҳои ҳуқуқии наваскарон

Дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ барномаи барои телефонҳои ҳамроҳ роҳандозӣ кардаанд.

Ин барнома аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” таҳия шудааст, ки корбарони телефонҳои ҳушманд аз ин андроид – барнома истифода бурда метавонанд. Дар он маълумот бо забони тоҷикӣ ва русӣ ҷой дода шудааст.

Барномаи мазкур дорои китобча бо номҳои “Китобчаи сарбоз”, “Китобчаи бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ”, “Китобчаи даъватшаванда” мебошад. Ҳамзамон барнома дорои тугмачаи “Машваратҳои ҳуқуқии ройгон” аст, бо рақамҳои телефони боварӣ ва суроғаи ташкилот дар тамос шудан имкон дорад.

Барномаро тариқи суроғаи зерин метавон пайваст кард:

https://play.google.com/store/apps/details?id=ru.alexeyjil.books

Даъвати хизматчиён ҳарбӣ ба Тоҷикистон тибқи фармони Президент аз 1-уми октябр оғоз шудааст.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?