Нархи барқ ва гармӣ дар Тоҷикистон боз боло рафт

Дар Тоҷикистон арзиши нерӯи барқ ва гармӣ барои шаҳрвандон ва корхонаҳо ба истиснои корхонаи “Талко” боло рафт.

Тибқи қарори №417-и Ҳукумати Тоҷикистон аҳолӣ ва корхонаҳо сар аз 1-уми ноябр барои барқ ва гармӣ қиммати зиёдтар пардохт мекунанд.

То имрӯз қиммати ҳар як киловатт-соат нерӯи барқ дар Тоҷикистон 12,6 дирам буд ва аз 1-уми ноябр он 14,65 дирам хоҳад буд. Қиммати нерӯи барқ барои корхонаҳои саноатӣ 35,65 дирам, барои пойгоҳҳои обкашонӣ дар тобистон 2,55 ва дар фасли сармо 9,55 дирам муқаррар шудааст.

Аммо афзоиши нерӯи барқ ба ширкати истеҳсоли аллюминиюм "Талко" дахл нахоҳад дошт. Инчунин ин тағйирот ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон дахл надорад

"Талко" - бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон- нерӯи барқро бо қиммати имтиёздор дарёфт мекунад. Ин корхона аз 1 май то 30 сентябр барои ҳар як киловатт-соат нирӯи барқ 7,2 дирам ва дар фасли зимистон, яъне аз 1 октябр то 30 апрел, барои ҳар киловатт-соат 11,8 дирам пардохт хоҳад кард.

Дар асоси ин тасмим ҳамчунин қиммати гармӣ низ боло бурда шуда ва нархи 1 Гкал нерӯи гармӣ 1 сомонӣ муқарар шудааст.

Дар қарори Ҳукумати Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ҳадаф аз ин иқдом мусоидат барои рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон мебошад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?