Нархи сафари Ҳаҷ-2016 - 28 ҳазору 649 сомонию 10 дирам

Нархи Ҳаҷ мушаххас шуд Арзиши сафари Ҳаҷ дар соли ҷорӣ 28 ҳазору 649 сомонию 10 дирам муқрарар гардид.

Аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ба Тоҷнюс иттилоъ доданд, ки нархи Ҳаҷ-2016 ин нарх дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас шудааст.

«Маблағи мазкур барои пардохти маблағи чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, маблағи иқматгоҳҳои муваққатии зист дар шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт хӯроки гарм, пардохти боҷи шоҳӣ (авоид), пардохти маблағи қурбонӣ, хизматрасонии иловагӣ дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи кумаки аввалияи тиббӣ, маблағ барои эмгузаронӣ, маблағ барои хизматрасонии роҳбаладон, гурӯҳи корӣ ва ҳайати табибон, маблағи суғуртаи ҳаҷравандагон, маблағ барои таҳия ва харидории ҷомадон, сумкаи дастӣ бо рамзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳоҷиён, роҳбаладон, гурӯҳи корӣ ва табибон, инчунин барои ба роҳ мондани дарсҳои омӯзишӣ барои ҳоҷиён қабл аз мавсими ҳаҷ истифода мешавад»- гуфт Афшини Муқим, сухангуйи Кумитаи корҳои дин.

Маврид ба зикр аст, ки ҳарчанд аз сабаби бо асъори хориҷӣ (доллари амрикоӣ) ба роҳ монда шудани ҳамаи қарордодҳо бо ширкатҳои хизматрасони Арабистони Саудӣ ва нисбатан боло рафтани қурби доллари амрикоӣ дар бозори асъори Тоҷикистон нархи хизматрасониҳо бо пули миллӣ дар соли ҷорӣ нисбатан боло рафта бошад ҳам, дар маҷмӯъ, арзиши имсолаи хизматрасониҳои мавсими ҳаҷ нисбат ба соли гузашта бо ҳисоби асъори хориҷӣ бетағйир боқӣ монда, мисли соли гузашта 3 ҳазору 584 долларро ташкил медиҳад.

Назарҳо

Бародарони азиз биеед аз хамин хач рафтана дар дехаи мо бисер шахсони нодор хаст,ки ба онхо ними хамин пулро агар дихем бовар дорам, ки Худованд хачатонро кабул мекунад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?