НАСА: Ситораи думдори 2015 TB145 бидуни осеб ба Замин ва Моҳ убур кард

Ситораи думдоре, ки 31-уми октябри соли равон аз наздикии Замин гузашт, на ба сайёраи мо ва на ба Моҳ осебе нарасонд. Дар ин бора хабаргузории “Интерфакс” истинодан ба манобеъи илмӣ иттилоъ дод.

Олимон ин кометаро дар интиҳои моҳи октябр интизор буданд ва тахмин мешуд, ки вай бо харош додани Моҳ аз мадор убур кунад. Вале баъдтар ин комета дар шакли косахонаи сар зоҳир шуд. Он 490 ҳазор километр дуртар аз Сайёраи мо гузашт ва на ба Замин ва на ба Моҳ осебе нарасонд. 

Ҳангоми назорати он аз тариқи телескоп олимони Раёсати миллии таҳқиқоти кайҳонӣ (НАСА)-и ИМА  муайян карданд, ки ин ситораи думдори “мурда”-е буд, ки дум ва қисмати бештари ҷисмашро баъди парвозҳои зиёд дар гирди офтоб гум кардааст.

НАСА ин ситораи “мурда”-ро “Кадуи бузург” номид ва ба он рақами 2015 TB145 дода шуд. Қутри он бино ба ҳисоби олимони НАСА 400 метр буда, бо суръати 35 километр дар як сония дар ҳоли ҳаракат аст. 

Олимон бар ин назаранд, ки назири он ситораҳои думдор барои Сайёраи мо хатарноканд, чун хеле дер ошкор мешаванд ва ҳатто баъзеи онҳоро мушоҳида кардан аз имкон берун аст.  Ҳатто ҳамин ситораи бузургро ҳам ахтаршиносони олам танҳо 10-уми октябр мушоҳида карданд ва дар оғоз гумон доштанд он як астероид аст. Ва агар он хатаре ба Замин медошт, дар ин як фурсати кутоҳ баъид буд, ки инсоният барои ҷилавгирӣ ва ё бартараф кардани хатар чорае андешида тавонад. 

 Ин аввалин ҷирми осмонист, ки зарфи даҳ соли охир ба ин бузургӣ ва ба масофаи хеле наздик аз Замин убур кард. Лидия Рихлова, доктори илмҳои физика ва математика, раҳбари гуруҳи Пажуҳишгоҳи ахтаршиносии Академияи илмҳои Русия гуфтааст, ки  ин як ҷирми парронест, ки хеле бо суръати заъиф ҳаракат мекунад. Мушоҳидаи он ба мушкил даст медиҳад. Кайҳоншиносону ситорашиносон шабонарӯз 24 соат сари дастгоҳ наменишинанд. Ва баъд онҳо тибқи барномаҳои худ аввал самтеро назорат мекунанд, сипас, ба самти дигар рӯ меоранд. Дар ин ҳол имкон дорад чунин ҷирмҳои паррон зуд мушоҳида ҳам нашаванд.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Худованд хамеша сайёраи ахли башарро хифзу нигахбон бошад. омин!

Шояд шумо суол ё назаре доред?