Нашрияҳои чопи Душанбе: Муҳиддин Кабирӣ ба Тоҷикистон ояд ё наояд?

Баҳсҳои сунъие, ки атрофи будан ё набудани ҲНИТ, ба Тоҷикистон баргаштан ё дар хориҷ сукунат ихтиёр кардани раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ аз мавзӯҳои умумиест, ки дар нашрияҳои чопи Душанбе бозтоб шудаанд.

Ҳафтаномаи “Фараж” (№26 (447) 24-июни соли 2015) дар мақолаи  “Раёсати ҲНИТ: Кабирӣ, наё!” аз қавли Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ менависад, ки ҳизб тасмим дорад дар сурати дарёфт накардани посух ба номааш аз Президент ва баста шудани фаъолияташ масъаларо додгоҳӣ кунад. Яъне шуруъ аз додгоҳҳои кишвар то додгоҳҳои байналмилалӣ муроҷиат намояд. Дар мавриди бозгашти раиси ҳизб аз хориҷ навиштааст: “Имрӯз, ки таъқибу фишорҳо , таҳдидҳо на танҳо болои  аъзои ҳизб, балки раиси ҳизб зиёд шудааст, аксар аъзои Шӯрои сиёсӣ ва раёсати Олии ҲНИТ ва аъзоёни қаторӣ бар онем, ки  раиси ҲНИТ муддате боз дар берун бимонад”.

Нашрияи “Озодагон” (№24 (380) 24-июни соли 2015) дар таҳлили “Оё даврони Кабирӣ дар сиёсат сар омад?” ба ин натиҷа мерасад, ки “аз соли 2004 ба ин сӯ шахсияти Кабирӣ ба чолиш кашида мешавад. Дар ибтидо талошҳо ин буд, ки Кабирӣ аз нигоҳи иқтисодӣ шикаста шавад. Бозори Турсунзодаро аз ӯ гирифтанд. Шояд ба дигар тиҷоратҳои ӯ дастдарозиҳо шуд, вале камтар онҳо расонаӣ шуданд. Акнун мехоҳанд нуқтаи марказии ҲНИТ-ро бисёр сахт бифшоранд, ки корношоям бигардад”. Ин нашрия навиштааст, ки “ҳоло Кабирӣ ба Тоҷикистон бармегардад ё не тасмими худи ӯст, вале дақиқ аст, ки як рӯз не як рӯз бармегардад. Аммо бо чӣ бармегардад, ин ҳам бисёр муҳим аст. Худи ӯ ҳам гуфта буд, ки “сабри ман хеле тӯлонист, вале пайравони мо чӣ? Барои мо рӯз то рӯз назорати эҳсоси тарафдоронамон мушкилтар аст”.  Аммо як чиз дақиқ аст, ки ин марҳила ё оғози як чархиши бисёр куллӣ дар шахсияти сиёсии Кабирист ва ё ҳам поёни даврони ҳузури ӯ дар сиёсати бузург”.

Нашрияи русзабони “Азия-плюс” (№49 (1032) 25-июни соли 2015) матлаберо ба муносибати таҷлил аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва моҷароҳои атрофи ҲНИТ бо унвони "Примирение или победа?" ("Оштӣ ё пирӯзӣ?") нашр кардааст.  Шореҳи ҳафтанома аз қавли профессор Абдунабӣ Сатторзода, яке аз фаъолтарин ширкаткунандагони даврҳои музокароти сулҳи тоҷикон навиштааст, ки иҷозати фаъолият ба ҲНИТ як шарти аслии имзои созишномаи сулҳ буд ва ҳоло ин ҳизб дар асоси қонун ва Конститутсияи кишвар амал мекунад. Ва агар амалҳои хилофи қонун, ки баъзе аъзоёни он содир кунанд, набояд ба номи ҳизб рабт дошта бошад, бигзор худи он афрод ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Шоир Гулрухсор Сафӣ дар ин маврид гуфтааст, ки “таърих дӯст надорад, вақте, ки таҳриф мешавад. “Мо аллакай боре аз ин марҳила убур кардем-вақте ҳама чиз якҷониба шарҳ дода мешуд ва он ба чӣ оварда расонд, ҳама медонем. Таърихро наметавон ба яке иртибот доду дигареро хориҷ кард, аз таърих меомӯзанд”.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?