Насриддинзода ва Акрамзода – вакилони нави парламенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Насриддинзода аз ноҳияи Фирдавсӣ ва Баҳодур Акрамзода аз ноҳияи Ҷаббор Расулов вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудаанд.

10-уми апрел дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Фирдавсӣ № 1 ва Ҷаббор Расулов №16 интихоботи миёндаврӣ баргузор шуда буд.

“Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Насриддинзода Эмомали Сайфиддин ва Акрамзода Баҳодур Исмоилро ҳамчун вакилони интихобшуда аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботии зикршуда ба қайд гирифта, ваколати онҳоро тасдиқ намуда, ба онҳо шаҳодатномаҳои вакилӣ супорид”, - мегӯянд дар КМИР.

Дар пайи ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи Президент дар Маҷлиси Олӣ таъин шудани собиқ вакили парламент Маҳмадалӣ Ватанзода ва раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шудани собиқ вакил Комилҷон Саидзода дар ин ҳавзаҳо интихоботи миёндаврӣ баргузор шуда буд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?