Натиҷаи аудит ё ҷанозаи ШСКХ “Барқи тоҷик”?

Зарари софи "Барқи тоҷик", бино ба натиҷаи аудити молиявии ширкат дар як соли 2015 наздик ба се милиард сомонӣ, ё 360 милион доллари ИМА расидааст.  

Натиҷаи аудити ширкат, ба тозагӣ дар сомонаи расмии он ба нашр расид.

Дар  гузориши аудиторон гуфта мешавад, ки кори ширкат ғайриқаноатбахш буда, роҳбарияти ширкат маълумоти комилро дар бораи фоида, қарзҳои дебиторӣ ва пешпардохти маблағи барқ ба аудиторон пешниҳод накардаанд, ки кори онҳоро мушкил кардааст.  

Ширкати аудитории “Baker Tilly Klitou and Partners SRL” -и Молдова, ки аудити молиявии “Барқи тоҷик”-ро ба уҳда доштааст, дар гузоришаш иқрор мешавад, ки натавонистааст ҳаҷми фоида, қарзҳои дебиторӣ ва маблағи пешпардохти ҳаққи барқро дар “Барқи тоҷик” дуруст ҳисоб ва арзёбӣ кунад.

Новобаста ба ин, аудиторҳо вазъи молиявии Ширкати “Барқи тоҷик”-ро дар соли 2015 нигаронкунанда арзёбӣ карда, гуфтаанд, зиёни ин ширкат дар соли 2015  ба 2 млрд.843 милион сомонӣ баробар шудааст.

Ин дар ҳолест, дар ҳамин давра, - қайд мекунанд аудиторҳо, тамоми дороиҳои “Барқи тоҷик” аз маблағи қарзҳои ин ширкат дар умум ба 4,млрд. 376 милион сомонӣ камтар арзёбӣ шудааст.

Дар гузориши аудиторон боз як нуктаи ҷолиб қайд шудааст: Ширкати “Барқи тоҷик” иддао дорад, ки қарзаш назди НБО “Сангтуда 2” 330 милион сомониро ташкил медиҳад. Аммо НБО “Сангтӯда-2” ба аудиторон маълуот пешниҳод кардаанд, ки ҳаҷми ин қарзҳо дар асл ба 633 милион сомонӣ баобар аст. Яъне “Барқи тоҷик” қарзашро назди НБО “Сангтӯда 2” дар ҳаҷми  303 милион сомонӣ эътироф намекунад.

Ҳаҷми эътирофнашудаи қарзҳо , - ба гуфтаи аудиторон, - дар натиҷаи таҳрифи шартҳои аҳдномаи миёни ширкатҳои тобеи “Барқи тоҷик” ва ширкати “Сангоб”-и Ҷумҳурии исломии Эрон ба вуҷуд омадаанд, ки қисми аъзами саҳмияҳои НБО “Сангтӯда 2”-ро дар ихтиёр дорад.

Натиҷагирии вазъи молиявии “Барқи тоҷик”-ро, ки хилофи қонунгузории давлати Тоҷикистон, танҳо бо забони русӣ интишор ёфт ва нусхаи он ба забони давлатӣ то ҳол дар сомона вуҷуд надорад, метавон ба як ибора “ҷанозаи ширкат” номид.    

Натиҷаи аудит ё ҷанозаи “Барқи тоҷик”

Бино ба натиҷаи аудити ШСКХ «Барқи тоҷик», зарари софи ин ширкат дар як соли 2015 наздики се милиард сомонӣ, ё 360 милион доллари ИМА баробар будааст.

Натиҷаи аудити ширкат, ба тозагӣ дар сомонаи расмии он ба нашр расид.

Дар  гузориши аудиторон гуфта мешавад, ки кори ширкат ғайриқаноатбахш буда, роҳбарияти ширкат маълумоти комилро дар бораи фоида, қарзҳои дебиторӣ ва пешпардохти маблағи барқ ба аудиторон пешниҳод накардаанд, ки кори онҳоро мушкил кардааст.  

Ширкати аудитории “Baker Tilly Klitou and Partners SRL” -и Молдова, ки аудити молиявии “Барқи тоҷик”-ро ба уҳда доштааст, дар гузоришаш иқрор мешавад, ки натавонистааст ҳаҷми фоида, қарзҳои дебиторӣ ва маблағи пешпардохти ҳаққи барқро дар “Барқи тоҷик” дуруст ҳисоб ва арзёбӣ кунад.

Новобаста ба ин, аудиторҳо вазъи молиявии Ширкати “Барқи тоҷик”-ро дар соли 2015 нигаронкунанда арзёбӣ карда, гуфтаанд, зиёни ин ширкат дар соли 2015  ба 2 млрд.843 милион сомонӣ баробар шудааст.

Ин дар ҳолест, дар ҳамин давра, - қайд мекунанд аудиторҳо, тамоми дороиҳои “Барқи тоҷик” аз маблағи қарзҳои ин ширкат дар умум ба 4,млрд. 376 милион сомонӣ камтар арзёбӣ шудааст.

Дар гузориши аудиторон боз як нуктаи ҷолиб қайд шудааст: Ширкати “Барқи тоҷик” иддао дорад, ки қарзаш назди НБО “Сангтуда 2” 330 милион сомониро ташкил медиҳад. Аммо НБО “Сангтӯда-2” ба аудиторон маълуот пешниҳод кардаанд, ки ҳаҷми ин қарзҳо дар асл ба 633 милион сомонӣ баобар аст. Яъне “Барқи тоҷик” қарзашро назди НБО “Сангтӯда 2” дар ҳаҷми  303 милион сомонӣ эътироф намекунад.

Ҳаҷми эътирофнашудаи қарзҳо , - ба гуфтаи аудиторон, - дар натиҷаи таҳрифи шартҳои аҳдномаи миёни ширкатҳои тобеи “Барқи тоҷик” ва ширкати “Сангоб”-и Ҷумҳурии исломии Эрон ба вуҷуд омадаанд, ки қисми аъзами саҳмияҳои НБО “Сангтӯда 2”-ро дар ихтиёр дорад.

Натиҷагирии вазъи молиявии “Барқи тоҷик”-ро, ки хилофи қонунгузории давлати Тоҷикистон, танҳо бо забони русӣ интишор ёфт ва нусхаи он ба забони давлатӣ то ҳол дар сомона вуҷуд надорад, метавон ба як ибора “ҷанозаи ширкат” номид.    

Шояд шумо суол ё назаре доред?