Наздикони Ёров: Ба додгоҳ бовар надорем, аммо ҳич гоҳ ақибнишинӣ намекунем

Наздикони адвокати маъруф Бузургмеҳр Ёров,  ки ахири ҳафтаи гузашта ба 23 соли зиндон маҳкум шуд, мегӯянд, аз болои ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе аллакай ба зинаи болоӣ шикоят бурдаанд, аммо бовар надоранд, ки бегуноҳии ӯро исбот кунанд.

Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр дар суҳбат ба TojNews гуфт, 7-уми октябр баъди як рӯзи эълони ҳукм онҳо ба Коллегияи Судии шаҳри Душанбе оид ба корҳои ҷиноятӣ шикоят бурданд.

-Бузургмеҳр Ёров бо худ ба толори суд шикоятнома оварда буд. Ба журналистон нишон дода гуфта буд, ҳукм набаромада, ман медонам, ки он ноадолатона аст.  Дар назар аст, ки имрӯз 10-уми октябр нусхаи ҳукмро дастрас кунем, - гуфт Хосият Ёрова.

Хоҳари адвокат мегӯяд, бовар надорад, ки дар зинаҳои болоии додгоҳ бегуноҳии бародарашро исбот кунанд, аммо онҳо наметавонанд якбора ба Судҳои байналмилалӣ муроҷиат кунанд.

Мо бояд барои ба зинаи байналмилалӣ шикоят бурдан, тибқи қонун аз ин марҳилаҳо дар дохил гузашта бошем. Мо ба низоми судӣ дар кишвар бовар надорем, аммо ҳатман то ба зинаи байналмилалӣ хоҳем рафт, то бегуноҳии Бузургмеҳр Ёров собит шавад.

Шоми 6-уми октябр Додгоҳи шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёровро ба 23 ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум карда буд.

Тибқи ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе, ки ҳудудан 200 саҳифаро ташкил медод, тамоми амволи Бузургмеҳр Ёров мусодира шуда, худи ӯ дар зиндони низомаш пурзӯр нигоҳ дошта мешавад. Ҳамчунин, баъди раҳойӣ адвокат 5 сол аз ҳаққи кор дар ташкилоту идораҳо маҳрум мегардад. 

Бузургмеҳр Ёров, адвокати боздоштшудаи тоҷик, ки як сол боз дар ҳабс қарор дорад, дар сухани охиринаш дар суд 27-уми сентябри соли ҷорӣ иттиҳомҳо алайҳи худро бепоя хонда, гуфт, аз аввал ба барқарор шудани адолат дар баррасии парвандааш шубҳа дошт.

Айбдорунандаи давлатӣ барои Бузургмеҳр Ёров 25 сол ва барои Нуриддин Маҳкамов 23 соли зиндон талаб карда буд.

 Ӯ замоне боздошт шуд, ки ҳимояи ҳуқуқи 13 тан аз боздоштшудаҳои аъзои шӯрои сиёсии ҲНИТ (ҳизби мамнуъшуда дар Тоҷикистон)-ро ба ӯҳда гирифт. Баъди чанде мақомот гуфтанд, парвандаи Ёров муҳри махфӣ гузошта шудааст. Боздошти Бузургмеҳр Ёров ба вокуниши созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон рӯ ба рӯ шуда буд.

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?