Негматулло Файзуллоев: Фурудгоҳ ҳаққи даъво кардан надорад

Нигоҳ: Шумо таваққуфгоҳро дар тендер харидед, мо дуруст фаҳмидем?
Таваққуфгоҳи назди фурудгоҳ, ки мо истифодаи онро 10 сол боз ба уҳда дорем, аз ду қисмат иборат аст. Як қисми он тибқи қарори раисии шаҳри Душанбе таҳти рақами 700 аз 19-уми декабри соли 2006 ба ҶДММ “Нури Ёвар” вобаста карда шудааст ва пурра тамоми ҳуҷҷатгузории он ба қонунҳо мутобиқат доранд. Ин ҷо ягон ҷойи баҳс нест. Мо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дорем.
Қисмати дигарро аз соли 2006 то соли 2012 тибқи шартномаи байни ҷамъияти мо ва Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба иҷора гирифта будем. Соли 2012 дар як музояда иштирок намуда дар он ғолиб шудем ва бо Корхонаи воҳиди давлатии оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ созишнома бастем, дар бораи иҷорагирии ин қисмати таваққуфгоҳ. Муҳлати амали ин шартнома то соли 2019 муқаррар карда шудааст. Тамоми андозу пардохтҳои коммуналие, ки ба дӯши таваққуфгоҳ аст, ширкати мо сари вақт, баъзан ҳатто пеш аз муҳлат пардохт мекунад.
Нигоҳ: Пас дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе чӣ масъала мавриди баҳс буд?
Бо даъвои ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” тавре дар боло қайд кардам, шартномае, ки ҳанӯз соли 2012 амали худро гум карда, яъне шартнома байни мо ва хадамот қатъ шуда буд, бори дигар гӯё бо ҳалномаи суд бекор карда шуд. Дар ҳоле, киҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дорандаи баланс буда, ҳуқуқи даъворо надошт ва надорад. Зеро ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” тараф ҳисоб намеёбад.
Тавре дар боло қайд кардем, дар мавриди шартномаи иҷора, мувофиқи кодекси гражданӣ яке аз тарафҳо метавонад дар муҳлати на бештар аз се сол даъво кунад. ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” баъд аз 7 сол аз болои шартномае, ки беэътибор аст, даъво кард. Суд ғайриқонунӣ ҳалнома баровард ва даъвои ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”-ро қонеъ кард. Ҳалнома бе иштироки мо бароварда шудааст, ҳамчунин дар ин муҳокимаҳо намояндаи Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ низ, ки яке аз тарафҳои шартнома мебошанд, иштирок надоштанд. Хадамот, сохтори алоҳида, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 таъсис ёфтааст, дар муносибатҳои гражданӣ баромад менамоянд, то ҳол аз ин ҳалномаи судӣ хабардор нестанд.
Нигоҳ: Кормандонатон дар мактуб ба Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтаанд, ки ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” борҳо аз болои ширкати шумо шикоят бурдааст? Ба куҷо шикоят карда буданд. Онҳо оё санҷиданд, ки фаъолияти ҷамъияти шумо қонуӣ аст ё не?
Ба Ҳукумати шаҳри Душанбе, ба Агентии мубориза бо коррупсия, ба Прокуратураи генералӣ, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳатто ба Кумитаи замин ҳам навиштанд.
Нигоҳ: Ҳукумати шаҳр фаъолияти шуморо санҷид? Чӣ хулоса додааст?
Дар посухи расмӣ ва хатти ҳукумати шаҳри Душанбе гуфта мешавад, ки Хариду фурӯши иншооти асфалтпӯши таваққуфгоҳ тибқи санадҳои ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ монда шудааст.
Яъне онҳо хулоса карданд, ки мо фаъолияти қонунӣ дорем. Ниҳодҳои дигар ҳам ба ҳамин хулоса расиданд ва ҷавоби хаттӣ додаанд, ки ҷамъияти мо бо ягон қонун мушкил надорад.
Як чизи дигарро бояд гӯям, ки худи роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ба ҳукумати ҶТ муроҷиат карда буд, ки таваққуфгоҳи назди ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ба таври замонавӣ, бо ҷалби сармоя бозсозӣ карда шавад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамчун соҳибмулк дар ҷавоб ба шикояти роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ҳамчундорандаи баланс расман гуфтааст, ки “Иттилоъ медиҳем, ки ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” бо мактуб аз 28октябри соли 2015 ва фармон аз 30-юми декабри соли 2015 ба Кумита оид ба фурӯш баровардани иншооти асфалтпӯши тавақуфгоҳи ҷамъиятро пешниҳод намудааст. Бинобар ин бо мақсади ҷалби сармоя барои сохтмони таваққуфгоҳи замонавӣ ва ташкил намудани ҷойиҳои нави корӣ тибқи тендери сармоягузорӣ ба фурӯш бароварда шуд. Мутобиқи бандҳои 3.1.1 ва 3.1.2. –и шартнмоаи кумита бо ҶДММ “Нури Ёвар” уҳдадор гардидааст, ки дар муҳлати 24 моҳ аз рӯзи ба имзо расидани шартномаи хариду фурӯш барои сохтмони таваққуфгоҳи замонавӣ ба маблағи 65 млн. сомонӣ сармоягузорӣ карда, ба миқдори на кам аз 80 нафар ҷойи нави корӣ ташкил диҳад.”
Тибқи шартнома, агар мо дар муҳлати ҳамин 24 моҳ шартҳое, ки дар боло гуфтем иҷро накунем, таваққуфгоҳ дубора ба ихтиёрдории кумита бармегардад. Ҳоло баҳсҳои бемаъниву кашокашҳо бо роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ба мо имкон намедиҳад, ки уҳдадориҳои худро назди ҳукумати Тоҷикистон анҷом диҳем.
Мо таваққуфгоҳро аз Ҳукумати Тоҷикистон харидорӣ кардаем. Ҳукумат пеш аз ҳама манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандонро ба инобат гирифта, ба мо боварӣ кардааст, ки таваққуфгоҳро ба таври замонавӣ сохта ба истифода диҳем. Даъвои ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” чунон беасос аст, ки ман ҳар вақт ба ёдам ояд хандаам меояд. Таваққуфгоҳ бо дархост ва хоҳиши худи роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” тавассути кумита ба фурӯш бароварда шудааст. Соҳибмулк- яъне Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро дар муозояда фурӯхтааст. Бо хоҳиши роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”. Акнун роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, яъне ҳукумати Тоҷикистонро барои иҷро кардани хоҳишу дархости худаш ба суд додааст. Мазҳака аст.
Нигоҳ: 14-уми июн чӣ рух дод? Оё ин амалиёти рейдерӣ буд?
Аз рӯзи таъйин шудани роҳбари ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода такрор ба такрор ба кормандони мо аз ҷониби шахсони ба мо номаълум таҳдидҳо ва фишор оварда мешавад.
Нигоҳ: Чӣ таҳдид?
Аз номи Абдуллозода ҳарф мезананд. Таҳдид мекунанд, ки таваққуфгоҳ ба ӯ маъқул шудааст ва хоҳ но хоҳ, дер ё зуд онро аз дасти мо кашида мегирад. Зеро вай шахси муътабар ва мавқеъи баланд дорад. ва зӯри касе ба ӯ намерасад.
Аввал ба ин таҳдидҳо аҳамият намедодем. Аммо вақте, ки ба мо тавассути тамоми мақомоти қудратӣ таъсир расонд, фаҳмидем, ки роҳбари нави ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” мақсади аз худ кардани иншооти моро дорад.
Чунончи дар рӯзи 14-уми июн маълум шуд, ки вай бо маслиҳати пешакӣ бо як гуруҳи тобеонаш ва кормандони мақомоти милитсия, ки на кам аз 30-40 нафар буданд, ба таври зӯроварӣ ва шиканҷа хост таваққуфгоҳро ғасб кунад. Ин дар ҳақиқат ғосибии рейдерӣ буд.
Он рӯз таваққуфгоҳ аз соати 10 то соати 17-и бегоҳӣ ба Душанбеи солҳои 1992 – 97 монанд буд. Агар он ҷо мебудед, медидед, ки одам барои нафсаш аз қонуну инсонгарӣ рӯ мегардондааст. Занҳои рӯзадорро заданд, таҳқир карданд. Боздошт карда то бегоҳ дар шуъбаи милиса нигоҳ доштанд. Бо кран сангу бетонҳо вазнин оварданд, роҳи мошинҳоро ба таваққуфгоҳ аз чор тараф бастанд.
Моҷаро бегоҳи ҳамон рӯз бо ёрдами намояндагони Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, ки дар доираи қонун амал карданд, ин амали гуруҳи ҷинояткоронаро пешгирӣ карда, муноқишаро бартараф карданд, ки мо аз онҳо миннатдорем.
Нигоҳ: -Ҳоло таваққуфгоҳ фаъолият мекунад?
-Бале, фаъолият дорем. Аммо сангҳои азиме, ки бо супориши Исматулло Абдуллозода ба таваққуфгоҳ оварда шуданд, то ҳол ҳусни майдони назди фурудгоҳро коста мекунанд. Мо ба масъулони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” муроҷиат кардем, ки он бетонҳои вазнини овардаашонро берун кунанд. дар ҷавоб мегӯянд, ки ин кор хароҷоти зиёд талаб мекунад ва онҳо гӯё имкони пардохташро надорад.
Бознашр аз “Нигоҳ” №13(496). Чоршанбе, 22-юми июни соли 2016
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?