Неъматов аз номи Эмомалӣ Раҳмон мардуми Чехияро муборакбод намуд

Маликшоҳ Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия бо қароргоҳ дар шаҳри Берлин бо Президенти Чехия Милош Земан мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Маликшоҳ Неъматов ҷиҳати иштирок дар қабули расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан ба муносибати ҷашни миллии ин кишвар ва анҷоми мулоқоту вохӯриҳои корӣ ба шаҳри Прага сафар намуд.

Ба гуфтаи манбаъ, “зимни сафари корӣ бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати саноат ва савдо ва Палатаи саноат ва тиҷорати Чехия мулоқоту сӯҳбатҳои муфид доир ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Чехия баргузор гардиданд.”

“Ҳангоми вохӯрӣ бо сардори Департаменти ҳамкориҳои байналмилалии Дастгоҳи Президенти Чехия ҷаноби Ҳинек Кмоничек номбурда иброз дошт, ки кишвараш барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои гуногунҷабҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар бахшҳои мавриди алоқамандии тарафайн омода мебошад.”

Маликшо Неъматов дар чорабиниҳо бахшида ба рӯзи ҷашни миллии Ҷумҳурии Чехия аз номи Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Чехия паёми табрикӣ ироа намуд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?