Неруҳои давлатии Афғонистон назорати Қалъаи Золро ба даст гирифтаанд

Вазорати умури дохилии Афғонистон эълон кард, ки неруҳои қудратии ин кишвар назорати Қалъаи Зол воқеъ дар вилояти Кундузро дубора ба даст овардаанд.

Дар эъломияи вазорат гуфта мешавад, ки амалиёти низомӣ ҷиҳати берун рондани гуруҳи Толибон аз минтақа муддати ҳудудан як шабонарӯз идома кардааст. Бино ба ин гузориш ҳоло танҳо маркази ин ноҳия ба дасти неруҳои давлатӣ даромадааст, вале ҷангҳо дар канораҳои он ҳанӯз идома доранд.

Вазорат гуфтааст, ки неруҳои давлатӣ ба Толибон талафоти сангин ворид кардаанд, вале дақиқан гуфта нашудааст, ки мизоми ин талафот чанд будааст. Қалъаи Зол дар ғарби шаҳри Кундуз воқеъ аст. Ин мавзеъ стратегӣ буда, аз ҷонибе бо вилояти Самангони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки зарфи ин ду моҳи охир Толибон ба ҳамлаҳои худ ташдид бахшидаанд ва ба назар мерасад ҷангҳо торафт ба манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон кашида мешаванд. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз ҷангҳои шадид миёни неруҳои давлатӣ ва гуруҳи Толибон дар Хонобод гузориш дода шуда буд.

Хонобод миёни Кундуз ва Толиқон ҷойгир аст ва як минтақаи умдатан паштунишин ба шумор меравад.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?