Нидоҳои имдодҷӯёнаи муҳоҷирон дар марзи Юнон: “модар Меркел”

Манъи ҳаракати муҳоҷирин аз тариқи Балкан ба Олмон муҷиби мавҷи норозигӣ миёни беш аз 15 ҳазор паноҳандагон дар наздикии рустои юнонии Идомени, ки бо Македония ҳаммарз аст, шудааст.

Ба навиштаи расонаҳо, аксари онҳо ҳоло даст ба гирдиҳамоӣ задаанд ва нидоҳои “модар Меркел” аз дуриҳои дур ҳам ба гӯш мерасад. 

Ахиран Македония аз бастани марзаш ба рӯйи паноҳандагон хабар дод. Мақомоти ин кишвар замоне даст ба ин амал заданд, ки ҳамсоякишварҳо Словения, Хорватия ва Сербистон маҳдудиятҳои бештаре ба вуруди муҳоҷирин ба ин мамолик ва ҳаракати онҳо ба самти Олмон эълон карданд. Ба ҳамин минвол роҳи Балкан барои ҳазорон паноҳандаи дар ҳоли ҳаракат ба Олмон баста шуд. 

Бино ба гузориши хабаргузориҳо, ҳоло дар Идомени ҳазорон нафар дар як шароити хеле тоқатшикан ба сар мебаранд ва интизоранд, ки билохира иҷозаи вуруд ба Олмон дарёфт мекунанд.  Борони сард меборад ва зиндагии бе ин ҳам мушкили паноҳандагонро мушкилтар мекунад. 

Христиан Рейндерс, ҷонишини ҳамоҳангсози барномаҳои созмони ҷаҳонии Табибони бидуни марз гуфтааст, ки ин созмон аз паҳн шудани бемориҳои сироятӣ миёни паноҳандагон бар асари сардии ҳаво, боронҳо ва гуруснагӣ дар изтироб аст. 

Гуфта мешавад, ки ҳукуматдорони Юнон бояд дар ҳамин наздикиҳо аз Иттиҳодияи Аврупо садҳо миллион доллар дастрас кунанд, то ба мушкилоти паноҳандагон расидагӣ кунанд. Ин аст, ки онҳо мегӯянд муҳоҷирин бояд аз талоши убури марзи Юнон ба хотири расидан ба ҳар кишвари дигар даст кашанд ва дар урдугоҳҳои омодашуда сукунат варзанд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?