Нигаронӣ: Чаро зиёиёни тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нестанд?

Қиёмиддин Сатторӣ, журналист ва пажуҳишгари номии тоҷик аз заъфи тоҷикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Ӯ мегӯяд дар баҳсҳое, ки дигарон зидди гузаштаи тамаддун, фарҳанг ва таърихи миллати мо мақолоти тавҳиномез интишор медиҳанд, вале зиёиёни тоҷик, махсусан донишмандони риштаҳои таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ, забон ва адабиёт мақолае наменависанд, дар ин гуна баҳсҳо ширкат намеварзанд, фикру андешаҳои худро изҳор намедоранд.

Қиёмиддин Сатторзода субҳи имрӯз дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки ман маводу матолиби зиёди хонданӣ ва илмиро аз сомонаҳои мухталиф пайдо карда, дар сомонаҳои "Лига тюркоязычных народов", "Узбекистон таърихи", "Турано- хуннская цвилизация" ва ғайра мегузорам ва аз тарафи хонандагони халқҳои гуногун мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегиранд, баъзеҳо ситоиш мекунанд, баъзеҳо дашном медиҳанд.

Як чиз барои ман боиси нигаронӣ ва аҷиб аст, ки тамоми маводи гузоштаи камина ба фарҳанг, таърих ва адаёбиёти тоҷик, форсизабон ва тамаддуни исломӣ тааллуқ дорад, аммо ягон нафар тоҷик, чӣ дар дохили Тоҷикистон, чӣ дар хориҷи кишвар нисбати матолиби гузоштаи банда таваҷҷуҳ зоҳир намекунад. Шояд онҳо ин маводи илмиро умуман намехонанд, шояд барои онҳо ҷолиб ва судманд нест.

Ҳамаи инро мушоҳида мекунам ва ба хотирам вазъи солҳои бистуми асри гузашта мерасад, ки дар матбуоти даврӣ нисбати тоҷикон баҳсу ҷидолҳои тезутунд сурат мегирифт, аммо аксари намояндагони миллати тоҷик, бо истиснои чанд нафар бузургони миллат, аз қабили Сайидризо Ализода, Садриддин Айнӣ хомӯширо ихтиёр карда буданд.

Намояндагони халқҳои дигар, аз қабили Семенов, Андреев, Атоеви туркман, Ханчанови қазоқ ва ғайра барои ҳаққи ҳалоли миллати ситамкашидаи тоҷик мубориза мебурданд, вале намояндагони воломақоми тоҷик, аз қабили Файзулло Хоҷаев, Абдулло Раҳимбоев, Абдурауфи Фитрат ё пайрави пантуркистон шуда ё дар гӯшае хомӯширо ихтиёр карда буданд”.

Ин донишманди тоҷик ҳамчунин мегӯяд: “ Ҳатто дар Комиссияи тақсимоти ҳудуди миллӣ шуъбаи тоҷикиро таъсис надода буданд. Ҳатто дар гуфтаи машхури Ленин нисбати таъсиси ҷумуриҳои Осиёи Миёна номи миллати тоҷик зикр нагардида буд ва моро дар қатори майдамиллатҳо гузошта буданд. Гуё он солхо миллати тоҷик як миллати бесоҳиб ва ятим ба назар мерасид, ки ҳаволаи тақдир шуда буд”.

Қиёмиддин Сатторӣ дар идомаи муроҷиаташ ба дӯстони фейсбукии худ менависад: “Имрӯз Шумо сомонаҳои гуногуни интернетиро кушоед, ҷангҳои иттилоотии намояндагони миллатҳои мухталифро мушоҳида намоед, ки чи гуна таърихро ба манфиати геополитикии худ таҳриф месозанд, ба суду фоидаи хеш тафсиру тавзеҳ медиҳанд, аз Чингизхону Ботухон, Тухтамишу Темурланги хунхор ва ғайра шахсиятҳои бузурги ҷаонӣ сохтанӣ мешаванд ва бигӯед, ки чаро зиёиёни точик, махсусан донишмандони риштаҳои таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ, забон ва адабиёт мақолае наменависанд, дар ин гуна баҳсҳо ширкат намеварзанд, фикру андешаҳои худро изҳор намекунанд.

Ё донишу саводи комил надоранд, ки бинависанд ё ҷуръат. Танҳо чанд мақолаи академик Р. Масов ва Ҳамза Камолро дар сайти "ЦентрАзия" хондаму халос”.

Дар идома пажуҳишгари тоҷик мегӯяд моҳи августи соли равон дар як нишасти матбуотӣ ба Президенти Академияи илмҳо пешниҳод карда буд, ки чаро намешавад аз ҳисоби олимони варзида дар назди Академия як гуруҳи махсус таъсис дода шавад, ки ба ин гуна мақолаҳои ғаразнок ва ғайриилмӣ посухҳои дандоншиканд диҳанд? “Ӯ фикри маро дастгирӣ намуд ва ваъда дод, ки чунин ҳайат таъсис мешавад. Дунё ба умед гуфтаанд, кошки устод Ф. Раҳимӣ ба қавлашон вафо кунанд”,- изҳори умед кардааст ӯ.

Назарҳо

Нигаронии К. Саттори асос дорад. Аммо дар ин чода мушкил низ вучуд дорад. Дар шабакахои интернети маколахои хеле пастсифат ва аз илм дур ва омиёна зиёд чоп мешаванд. Биноан бо муаллифони онхо посух додан душвор аст.Чунки онхо асноди кайхо дар илм собит шударо комилан сарфи назар карда афсонабофи мекунанд.Барои хамин олимон намехоханд бо ин шахсони гайри хирфави сар басар шаванд, яъне ба сатхи онхо паст фароянд ва вакти худро зоеъ намоянд. Масалан як академики узбак иддао дорад, ки ориёихо турк буданд факат забонашон ориёи буд. Магар бо инхел олим бахс карда мешавад. Ин мисли он аст, ки мо гуем ки Аристотел узбак буд ва танхо забонаш юнони буд.Ин хел мисолхоро зиёд овардан мумкин.
Зиёиён хамеша хастанд ва иддае аз эшон фаъоланд, танхо ба таври ошкоро ва руёруй не, зеро мутмаинам, ки агар бидонанд, ки ту аз як тоифаи донотари, пешкадамтари дархол дар пайи илочи ту хоханд шуд ва ё мачбур мекунанд, ки бар манофеи ин тоифаи худхоху кавдан сухан бигуиву барои эшон хизмати торихи бикуни. Бо катъият гуфтан метавонам, ки фозилон имруз сардаргиребонанд ва аз овоз баланд кардан дар харосанд ва дар мавриди чуръату часорати эшон чизе гуфтан наметавонам ва ононро махкум хам намекунам, зеро ин гуна рох хама интихоби худи онхо аст. Имруз пинхонтарин чиз хакикат ва ошкоротарин чиз дуруг шудааст, барои хамин сардаргиребон ва чашмбастаи ин олам боши шояд бехтар бошад. Имруз бехтари аст, ки барои хар касе бигуи, ки ту хак хасти, ту донотарини, ту фозилтарини, ба хамагон ин суханон гушнавоз аст, шунавотар аст, пас хуш ба холашон, ман шахсан мисоли баъзе суханони дигаронро харгиз ислох намекунам ва аз эшон тар торих кахрамони дуругина намесозам, дар назди эшон боясти худро нодон вонамуд сози, вагарна тамоми балохо болои сарат мерезанд ва мисоли баъзе ба ном уламо ва окодемисиюн дар торих шармзадаву сарафканда хохи шуд.Ба хама чиз торих бахои сазовор хохад дод.
Вирканбой, ин чи фазлфурушист? гапата гую мон... окодемиссиюн! ))) ба шавк хондам, ки ягон гапи боаклона навишта боши ))))))
Ин фазлфуруши не, изхори вазъу ибрози хол аст, аммо ту ки нафахми мушкилии дигарон нест, муаммои кавданиро дар худ чустучу кун. шояд аз хамон уламои хасаки боши, ки хич аз нуктагириат маъние барнадоштам, маълум нашуд ки чи гуфтан мехохи.
Barodari aziz va giromi. 1. Oyo maoshi zyoiyon basada boshad baroi kharidi trafikai interneti? 2. Shabakahpo ijtimoi magar hama vaqt kushoda hastand, ki olimon javob navisand?

Шояд шумо суол ё назаре доред?