Нигаронии ҷомеаи журналистӣ аз қатъи фаъолияти “Нигоҳ”

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон аз қатъи ҳафтаномаи ҷамъиятӣ-сиёсии “Нигоҳ” изҳори нигаронӣ кардаанд. 

Ин ду созмони журналистӣ бо пахши як изҳорот, гуфтаанд, бо қатъи фаъолияти “Нигоҳ” аз майдони иттилоотӣ фазои гуногунандешӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тангтар мешавад.

Созмонҳои журналистӣ дар изҳороти худ мегӯянд, давоми даҳ соли фаъолият “Нигоҳ” талош кард, барои одамони фаъол манбаи алтернативии иттилоот бошад: “Аммо сиёсати редаксионии рӯзнома, ки мустақилияташро қонунгузории миллӣ кафолат додааст, бархе мақомдорон ва ниҳодҳои давлатиро хуш наомад.

Аз ҷониби мо талошҳои тарс додани журналистони нашрия, таъқиби онҳо барои фаъолияти касбӣ, ҳамчунин таъсиррасонӣ ба кори “Нигоҳ” ба қайд гирифта шудааст. Ба бовари мо, қатъи фаъолияти “Нигоҳ” новобаста аз ҳамаи сабабҳо ба имиҷи сиёсии Тоҷикистон дар ҷаҳон таъсири манфӣ мегузорад”. 

2-юми ноябри соли равон Раёсати Созмони иҷтимоии “ИНДЕМ” – бунёдгузори ҳафтаномаи иттилоотиву таҳлилии “Нигоҳ” бо нашри як баёния аз қатъи фаъолитяи ҳафтанома хабар дода, сабаби ин тасмимро “адами мавҷудияти шароити лозим” номид. 

НАНСМИТ ва Шӯрои ВАО дар идома аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ба маҳдудсозии фаъолияти расонаҳои мустақил, ки кафолати манбаи алтернативии маълумот ба аҳолии кишваранд, иҷозат надиҳад. 

Назарҳо

Власти только и могут закрывать дырки... вместо того чтобы бороться с коррупцией и преступностью, силовые структуры выполняют приказы коррупционеров. скоро будет нечего уже закрывать, если не уже...
Путин и путиническая власть везда только и способна на незаконую рассправу над инокомыслием

Шояд шумо суол ё назаре доред?