Нигаронии Дидбони ҳуқуқи башар аз боздошти ҳамсари Собир Валиев

ҶАННАТ ҲАМЗАЕВА

Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch аз боздошти ҳамсари Собир Валиев, яке аз фаъолони "Гуруҳи 24", ки дар Тоҷикистон созмони экстремистӣ эълон шудааст, шадидан изҳори нигаронӣ кардааст.

Ҷаннат Ҳамзаева, ба гуфтаи масъулини ин созмони дифоъи ҳуқуқи башар, имкон дорад барои фаъолиятҳои сиёсии шавҳараш боздошт шуда бошад. 

Ин зан шаби 1-ум ба 2-юми октябр, баъди парвозаш аз Истанбул ба Бишкек, аз тарафи нерӯҳои амниятии Қирғизистон дар фурудгоҳи Манас боздошт шуд

Стив Свердлов, масъули Дидбони ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар ҳоле ки алайҳи ҳамсари Собир Валиев ҳеч иттиҳом баён нашудааст, ӯ дар давоми як рӯзи гузашта натанҳо натавонист бо хонаводааш дидор кунад, балки аз мулоқот бо вакили дифояш низ маҳрум мондааст.

"Ин хавф вуҷуд дорад, ки боздошти Ҷаннат Ҳамзаева ба фаъолиятҳои сиёсии Собир Валиев рабт дошта бошад. Валиев яке аз фаъолони “Гурӯҳи 24” аст, ки дар Тоҷикистон ислоҳотро мехоҳад. Умед дорам, ки Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба ҳуқуқи Ҷаннат эҳтиром мегузорад ва мо низ фаъолона ин қазияро пайгирӣ хоҳем кард”, - афзуд Свердлов.

Хонаводаи Ҷаннат Ҳамзаева, ҳамсари Собир Валиев – фаъоли созмони "Гурӯҳи 24" – гуфтаанд, ки ба онҳо ва вакили дифоъ иҷоза дода нашудааст, то бо ӯ дидор кунанд. Мақомоти амниятӣ то ҳол аз шарҳи ин хабар худдорӣ мекунанд.

Модараш дар пойтахти Қирғизистон зиндагӣ мекунанд ва бемор ҳастанд. Ҳамсарам барои нигоҳубини модараш ба онҷо рафт.
Собир Валиев

СОБИР ВАЛИЕВ

 

​Собир Валиев мегӯяд, ки нерӯҳои амниятӣ рӯзи якшанбе хонаи хушдоманаш Лилиана Кимро дар Бишкек кофтукоб карда, ба хабарнигорон иҷоза надодаанд, то ин саҳнаро ба навор гиранд. Ба қавли ӯ, дар ҷараёни кофтукоби хона Ҷаннат Ҳамзаева низ иштирок карда ва баъди анҷомаш нерӯҳои амниятӣ ӯро бо худ бурдаанд.

Лилиана Кими 58-сола ва маъюби гуруҳи дувум дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аз чунин бархӯрди мақомоти амниятии кишвар сахт нигарон аст. "Тамоми умр дар ҳамин ҷо зиндагӣ карда, фарзандонро ба дунё овардам ва кор кардам. Ин амали онҳо паст задани шаъну эътибори ман буд. Онҳо се нафар буданд ва ҳеҷ санадеро нагузоштанд. Фақат баъди тагурӯ кардани хона имзои маро гирифтанду рафтанд. Духтарамро боздошт кардаанд, дар ҳоле ки ӯ ҳеҷ гуноҳ надорад. Ӯ ягон кори бад накардааст."

“Гурӯҳи 24” бо раҳбарии Умаралӣ Қувватов ва созмонҳои дигари мухолифи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон дар Русия гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистонро соли 2014 ташкил карда буданд. Пас аз як изҳороти ин созмон, ки тасмим дорад, рӯзи 10-уми октябр дар як эътироз дар майдони марказии Душанбе таҷаммуъ кунанд, таъқиби фаъолон ва тарафдорони “Гурӯҳи 24” оғоз шуд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?