Нигаронии хоҳари Бузургмеҳр Ёров аз боздошт ва туҳмати беасос

Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъи фаъолони Ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ, ки тӯли як сол дар ҳабс аст, аз эҳтимоли боздошт ва ҳабс шуданаш нигаронӣ кард.

Вай дар саҳифаи фейсбукияш, бо нигаронӣ навишт: "ба маьлумоти ҳама мерасонам, ки агар рӯзе шаваду хабари маҳбасӣ шудани бандаро шунидед, ба хотир гиред, ки ман ҳеч гоҳ қаллоб, экстремист ва дузду тафриқаандоз набудаам. Асоси гуноҳи ман танҳо ҳимояи бародаронам буда метавонад ва хоҳишхои онҳо, ки суханҳояшон ба ҷомеа расонда шавад. Дифоъ аз бародарон шараф аст!!!".

Хоҳари мубризи Ёров, ки ду бародараш дар ҳабс гирифта шудаанд, мегӯяд аз эҳтимол дур нест, ки ӯро низ бо туҳматҳои беасос ба экстремизм ва ё қаллобӣ боздошт кунанд. 

Бузургмеҳр Ёров, адвокати боздоштшудаи тоҷик дар сухани охиринаш дар суд 27-уми сентябри соли ҷорӣ иттиҳомҳо алайҳи худро бепоя хонда, гуфт, аз аввал ба барқарор шудани адолат дар баррасии парвандааш шубҳа дошт.

Вай гуфт, давоми фаъолияти адвокатиаш дар садҳо парванда иштирок дошта, 15 сол тариқи ВАО-и давлатӣ баромадҳо намуд ва ҳеҷ нишоне аз ифротгароӣ дар фаъолияти ӯ ошкор нашуд.

Ба гуфтаи нафароне, ки дар мурофиаи Бузургмеҳр Ёров иштирок доштанд, ӯ аз Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум, қаҳрамонони Тоҷикистон ёд карда гуфтааст, “замоне ин бузургон бо иттиҳомҳои сохта ҳукми қатл гирифтанд.”

Бузургмеҳ Ёров ҳамчунин аз ҳамкораш Нуриддин Маҳкамов ҳимоя карда гуфтааст, ташхис дар матлабҳои Маҳкамов ягон нишонаи ифротгароиро наёфт ва судя набояд ба хулосаи як устоди донишгоҳ такя кунад.

 Ин вакили дифои боздошшудаи тоҷик иқрор шудааст, ки “аз аввал ба барқарор шудани адолат дар парвандааш шубҳа дошт. Ӯ ҳамчунин суол гузоштааст, ки агар баррасии парванда мунсифона бошад, пас чаро масъулин ба рӯзноманигорон ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ иҷозат надоданд, ки дар мурофиаи ӯ иштирок кунанд?

Масъулини Суди шаҳри Душанбе 27-уи сентябр ба рӯзноманигорон ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ иҷозат надоданд, ки дар мурофиаи охирини Бузургмеҳр Ёров иштирок кунанд.

Дар назар аст, ки ҳафтаи равон додгоҳ қарори худ нисбати Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро содир кунад. айбдорунандаи давлатӣ барои Бузургмеҳр Ёров 25 сол ва барои Нуриддин Маҳкамов 23 соли зиндон талаб карда буд.

Алайҳи Бузургмеҳр Ёров бо моддаҳои 189 қисми 2 банди “г”, 247 қисми 2, 307 қисми 2, 307 қисми 1, 340 қисми 2, бандҳои “а”, “б”, “в”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Нисбати Нуриддин Маҳкамов, вакили дифои дигари тоҷик бо моддаҳои 189, қисми 2 банги “г”, 247 қисми 4 банди “б”, 307 қисми 2 банди “г” ва 307 қисми 1 парванда кушода шуда буд.

Ҳукми ду вакили дифо дар ҳоле эълон хоҳад шуд, ки рӯзи гузашта намояндаи ИМА дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ талаб кард, ки бояд онҳо озод шаванд. “Мо бахусус дар робита бо сарнавишти Бузургмеҳр Ёров, бародари ӯ Ҷамшед Ёров ва Нуриддин Маҳкамов изҳори нигаронӣ мекунем. Мо талаби худро такрор мекунем, ки ин нафарон бояд озод шаванд”.

Парвандаи Бузургмеҳр Ёров аввали моҳи апрел ба суд ирсол шуда буд.

Мақомот Бузургмеҳр Ёровро дар қаллобӣ, сохтакорӣ, ифротгароӣ, “ташкили иттиҳоди экстремистӣ” ва “барангехтани   кинаю адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” муттаҳам медонанд.

Бузургмеҳр Ёров, собиқ раҳбари Коллегияи адвокатҳои “Сипар” аз 28-уми сентябри соли гузашта  инҷониб дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ӯро кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД барои бозпурсӣ даъват карда, ҳамон рӯз боздошт намуданд. Субҳи 29-уми сентябр ВКД аз оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ хабар дод. Нахуст алайҳи ӯ бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ва моддаҳои 247 (қаллобӣ) ва 340 (сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Баъд аз 2 моҳ мақомот хабар доданд, ки нисбати Ёров инчунин бо моддаи 307 қисмҳои 1, 2 ва моддаи 189 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ дар “даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ”, “ташкили иттиҳоди экстремистӣ” ва “барангехтани   кинаю адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” муттаҳам дониста мешавад.

 Ӯ замоне боздошт шуд, ки ҳимояи ҳуқуқи 13 тан аз боздоштшудаҳои аъзои шӯрои сиёсии ҲНИТ (ҳизби мамнуъшуда дар Тоҷикистон)-ро ба ӯҳда гирифт. Баъди чанде мақомот гуфтанд, парвандаи Ёров муҳри махфӣ гузошта шудааст. Боздошти Бузургмеҳр Ёров ба вокуниши созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон рӯ ба рӯ шуда буд.

Ҳамчунин Ҷамшед Ёров-бародари хурдии Бузургмеҳр Ёров, охири моҳи августи соли ҷорӣ ба муҳлати 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Мақомот ӯро дар "фош кардани сири парвандаи махфии наҳзатиҳо" муттаҳам медонанд.

Хосият Ёрова, хоҳари адвокат дар суҳбат ба TojNews гуфт, қарори ҳабси пешакии Ҷамшед рӯзи ҷумъа 26-уми август бароварда шудааст.

Қаблан манобеи TojNews гуфта буданд, тафтишот нисбати Ҷамшед Ёров бо дастрасӣ ба моддаи 311 (Ифшои сирри давлатӣ )-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

То имрӯз Прокуратураи генералии Тоҷикистон расман дар ин бора изҳори назар накардааст.

Назарҳо

Хукумат намебинад хай аз оила як кас гунох кард чаро хамаи оила гунахгор шашад ,ин бисьер хатарнок мебошад барои чомеъа ,ин ояндаи хуб надорад барои Точикистони мо
Хамин шеваи маколанависиро илтимос бас кунед. Дар ин хабари расондаатон танхо 2 чумла хабари нави кобили таваччух аст. Бокимонда 1 варак навиштаатон маълумоти кухнаест, ки онро касе нахохад хонд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?