Нигаронии мақомот аз оғози ҷанг миёни "мафияи тоҷик" дар Маскав

Мақомоти Маскав аз муноқишаи миёни гуруҳҳои ҷиноии тоҷик изҳори нигаронӣ кардаанд,- хабар додааст хабаргузории “Росбалт”.

Ин расона дар такя ба манобеи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст, ки муноқиша миёни гуруҳҳои мафиозии тоҷик дар Маскав сар задааст.

“Росбалт” номи ду тоҷикро дар робита ба ин қазия оварда, -менависад, “Ҳоҷӣ Абдуҷаббор ва Нурулло, ки одамони бонуфузи олами ҷиноии пойтахти Русия маҳсуб мешаванд ва бо ҳам “риштаи дӯстӣ” доштаанд, ба ду сангар ҷудо шудаанд.

Ҳоҷӣ Абдуҷаббор тавассути Нурулло, яке аз фармондеҳони собиқи воҳидҳои махсус дар Тоҷикистон будааст, аз дастгирии мақомоти Маскав бархурдор шуда, тавонистааст дар олами ҷиноӣ нуфуз пайдо кунад ва барои ин ба Нурулло маблағи ҳангуфт пардохт мекардааст, аммо вақтҳои охир ӯ аз иҷрои шартҳои шарикаш саркашӣ мекунад, ки боиси сар задани ин моҷаро гардидааст.

Ин моҷаро ахиран бо як суиқасд ба ҷони Нурулло анҷом шудааст, ки бино ба навиштаи “Росбалт”, кори дасти гуруҳи таъсисдодани ҷиноятии Ҳоҷӣ Абдуҷаббор будааст. Вай аз миёни варзишгарон гуруҳи махсус ташкил карда, бо роҳи зӯрӣ мехост аз таҳти итоати Нурулло берун равад, -менависад манбаъ.

-Нурулло бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонае ба таври хеле махфӣ табобат мегирад ва тасмим дорад пас аз мураххас шуданаш ба “Ҳоҷӣ” ҷавоби сазовор бидиҳад, ки ба гумони ғолиб муҷиби қурбонии зиёде хоҳад шуд.

Қазияи қабристони “Хованск” дар қиёс бо ин ҷанг, ки метавонад амалӣ шавад, бозича менамояд. Дар Хованск ҳам, ногуфта намонад, ки бачаҳои Ҳоҷӣ Абдуҷаббор ширкат доштанд, - гуфтааст манбаи “Росбалт”.

Шояд шумо суол ё назаре доред?