Нигаронии Вазорати тандурустӣ аз хуруҷи вируси «А»

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз сатҳи бемории вируси гепатити «А» намуди бемории зардпарвин дар кишвар ва  беморон аз қиматии доруҳо изҳори нигаронӣ мекунад.

Ба гуфтаи Наврўз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нигаронии вазорат аз муносибати аҳолӣ ба ин беморӣ аст, ки беаҳмиятӣ зоҳир мекунанд.

«Айни ҳол теъдоди беморони мазкур нисбат ба соли гузашта зиёда аз 2 ҳазор ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳо нишон  медиҳанд,ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифта шудааст ва дар бархе ноҳияҳо миқдор нисбат ба солҳои гузашта афзоиш ёфтааст. Ангезаҳои беморӣ гуногун аст вале дар умум «дасти чиркин» ном дорад, ин бо дасти ношўста истеъмоли ғизо ва тавассути тамос дар ҷойҳои коллективӣ, аз қабили кўдакистонҳо ва хона-интернатҳо мебошад. Зеро ин вирус  тавасути  моддаҳои  органиникии бадан ихроҷ мегардад ва хавфи ба муҳит сироят шудан дорад. Бештар байни наврасон ва ҷавонон ҳоло ба қайд гирифта шудааст. Ин бемори дар ҳар як се сол хуруҷ мекунад. Ҳоло вазорат вазъияти тамоюли болоравии онро таҳти назорати ҷиддӣ гирифтааст ва ягон ҳолати марги беморон ба қайд гирифта нашудааст»- гуфт Наврўз Ҷаъфаров.

Ин шабу рўз аҳолӣ аз хуруҷи вируси гепатит «A» изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар баъзе оилаҳо то ду  нафар  ҳам  мубталои вирус шудаанд. Барои табобати ин беморӣ ва хариди дорувории лозим ҳудуди 3 ҳазор сомонӣ харҷ мегардад. Бархе беморон ба гуфтанд, ки қимати  як ампул «Гептрал» да шаҳри  Душанте  500 сомонӣ ва дар ноҳияҳо то 600-700 сомонӣ меистад.  

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ мегўяд, ки танҳо кўдакони бемор бо таври ройгон табобат мешаванд, боқимонда аз ҳисоби шахсӣ табобат мегиранд. Ба гуфти табибон  ангезаҳои беморӣ дар обҳои норавон  кулл ё каналҳо оббозӣ кардан, аз обҳои болояшон кушода об нўшидани шаҳрвандон ва баъди хоҷатхона дастро дуруст ношўстан низ аст. Авҷи беморӣ аввли тирамоҳ мебошад. Барои ҳамин бояд шаҳрвандон ҳамин қоидаҳои санитарии эпидемологиро ҳатман риоя к нанд то ба худ ва муҳит омили вирус нагарданд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?