Нигаронии журналистони тоҷик аз тағйирот дар Кодекси ҷиноятӣ

Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноӣ ворид шудани банди “таҳқиру туҳмат ба Пешвои миллат” ва таъйини ҷазоро барои он эҷоди маҳдудият дар самти озодии баёни кишвар хондаанд.

Банди нави Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои таҳқиру туҳмат ба Пешвои миллат, бахусус тавассути матбуот ё шабакаи интернет то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, масъала на танҳо дар баҳсбарангез будани таъйини муҷозот барои таҳқир, балки инчунин дар мушаххас набудани мафҳуми таҳқиру туҳмат аст. Ба назари ӯ, ин банди Кодекси ҷиноӣ фаъолияти хабарнигорон ва расонаҳои иттилоотиро зери зарба мемонад.

Ӯ ба унвони мисол аз сарнавишти нашрияи мустақили “Нигоҳ” ном бурд, ки барои изофа шудани як ҳарфи иштибоҳӣ дар калимаи “президент”, нашрия дучори мушкил шуд ва аз чоп монд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?