Нигоҳ: Санҷиши НАТО-и русӣ дар Тоҷикисон

Мавзӯи асосии шумораи навбатии ҳафтаномаи Нигоҳ ба тамриноти низомии СПАД дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Ҳадаф аз баргузории машқҳои низомӣ дар марзи Тоҷикистон бо ҳамсоякишвари нооором аз чӣ иборат аст? Посухи ин ва чанд саволи дигарро аз мутолиаи мақола хоҳед ёфт. 

Дар Тоҷикистон аксари тарҳу барномаҳо беборанд, балки муҳтавои молиявӣ ва ҳатто  коррупсионӣ доранд. Солҳоро ба ин ё он маърака никоҳ мекунанд, аммо аз ин висол натиҷае ба бор намеояд. Бояд аз ин андешид, ки чаро он чӣ намешавад, ки мо мехоҳем? Ин аст сархати мақолаи Солҳои...бебарор, ки дар саҳифаи 3 чоп шудааст ва муаллиф ин суолро мегузорад ва талош мекунад посухашро низ бигӯяд: Чаро соли фалон-у қонунҳои фалон натиҷа намедиҳанд?

Дар идомаи сислсиламақолаҳо аз рӯзгори Иззатулло Ҳаёев нуктаи дигар гуфта мешавад: Замони ҷанги шаҳрвандӣ марҳум Ҳаёев, ки аслан худро аз ҳар моҷаро канор гирифта буд, бо даъвати Акбаршоҳ Искандаров якҷо бо Бобохон Маҳмадов ба назди силоҳбадастони  мухолифи давлат меравад ва бо Сангак Сафарову дигарон гуфтушунид карда, онҳоро ба таслим шудану супурдани силоҳҳояшон даъват мекунад. Ҳамзамон Искандаровро аз рафтан ба назди онҳо бозмедорад. Ин мақола бо номи Набиев ва ҳамтабақони Маҳкамов дар саҳифаи 6 чоп шудааст.

Нигоҳ дар ин шумора чашмандозе дорад аз ду соли боздошти соҳибкори муваффақ Зайд Саидов, ки ҳамакнун дар зиндон аст, вале ҳоло ҳам мурофиаи судиаш ниҳоӣ нашудааст. 

Дар ин шумора ҳамчунин мақолаҳои Қонуни хайрия,- муаллиф суол мегузорад: Чаро Лоиҳаи Қонуни ҶТ Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ бояд тариқи райъпурсии мардум қабул шавад?, Поёни ноаёни буҳрони Русия, Дари афғонии Чин, Чаро шаҳрдорӣ фақиронро фақиртар мекунад?, Идомаи буҳрон-дар ин бора, ки  воридоти асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон ба таври бесобиқа коҳиш ёфтааст,  Агар дер нашуда бошад-андешаҳо перомуни Рӯзи ҷавонон, ашъори тозаи шоири саршиноси кишвар Сиёвуш, саҳифаҳои доимии  Нигоҳи мардумӣ ва Комилан ҷиддӣ-ро метавонед мутолиа кунед. 

Нигоҳ аз субҳи имрӯз дар фурӯш аст ва аз паҳнкунандагони нашрияҳо пурсон шавед. 

Copyright @2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?