Нигоҳе ба вазъи Тоҷик аз равзанаи Инқилоби Арман (бо қалами Ҳафиз Бобоёров)

Никол Пашинён

“Инқилоби аслӣ метавонад фақат ҳадафи гузаранда дошта бошад. Вақте ки ин ҳадаф ба даст омад, ҳадафи наве муқаррар мегардад, ки дар гумони касе нест. Чунин ҳадафгузорӣ то тамом шудани захираҳо идома меёбад.” (Никол Пашинён)

Зиддияти дохилии ҳастӣ, ки боиси ҳаракат ва дигаргунӣ мегардад, яке аз қонуниятҳои асосии бақои он мебошад. Барои ҳамин, шахсиятҳои огаҳ мехоҳанд ҳаракат ва дигаргунӣ дар ҷомеа қатъ нагардад, чун беҳаракатӣ ва карахтиро аз навъҳои нестӣ ва марг медонанд. Шарт нест, ки инсон ҷисман набошад, то ӯро мурда дарёбем. Ба ҷуз шакли ҷисмонӣ, маргу нестӣ шаклҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ дорад. Яке аз намудҳои он тағйир напазируфтани қудрати сиёсӣ мебошад. Баръакс, тағйирпазирии қудрати сиёсӣ аз қонуниятҳои асосии бақои ҷомеаи инсонӣ мебошад, ки барои ҳамзистӣ ва ҳамкории мардумони гуногун замина мегузорад.

Фарқияти Маҳатма Гандӣ ва Нелсон Мандела аз ҳамаи инқилобгарон дар он буда, ки онҳо ҳамин қонуниятро дар ҷомеаҳояшон таҳким бахшидаанд. Онҳо нишон доданд, ки як инсон метавонад БЕ ҒАСБИ ҚУДРАТИ СИЁСӢ онро тобеи иродаи худ кунад ва ба нағмаҳо ва ҷилваҳои қудрат дода нашавад.
Ҳарду ҳам қудрати сиёсиро ба даст гирифтанд, ба зудӣ аз баҳри он гузаштанд, вале намунаи худро дар он нақш бастанд.  

Ҳар касе метавонад иродаашро дар қудрат озмояд, аммо на барои аз он лаззату осоиш ҷустан, балки барои чархи аз ҳаракат мондаи таърихро боз ба ҳаракат даровардан.

Пеш аз Гандӣ ва Мандела, ҳамзамон бо онҳо ва ё баъдашон даъвогарону қудратталабоне омаданду рафтанд. Аксарияти онҳо чун Қаззофӣ, Арафот ва Кастро то охир дар сари қудрат монданд ва ормонҳои ҳаракату дигаргунӣ ва озодию инқилобро ба моликияти истисноии худ табдил доданд.

 Ҳатто хостанд бо интиқоли қудрат ба фарзандонашон ин ормонҳоро меросӣ кунанд. Умедвор буданд, ки садсолаҳо, ҳазорсолаҳо ва ҳамеша ормонҳо ба онҳо нисбат дода мешавад. Иштибоҳи аслӣ ҳамин буд. Маҳз ҳамин иддао онҳоро ба ҳамаи қудратмандони дигар монанд кард. Маҳз ҳамин ғасбкории қудратмандон аст, ки чархи таърихро аз ҳаракату дигаргунӣ бозмедорад. Аммо Гандӣ ва Мандела дар қудрат боқӣ намонданд ва ормонҳои худро қурбони хоҳишҳои фиребанда накарданд. Аз худ нақши дигаре аз тарзи бархурд бо қудрат гузоштанд.

 Ба ҷуз инҳо, шахсон ва гурӯҳҳое низ даъвои озодӣ ва инқилоб мекарданд, ки на чун Че Гевара нухбагони сиёсиро мавриди ҳамла қарор медоданд, балки барои ба даст овардани ҳадафҳои худ мардумро ба асорат мегирифтанд ва қурбон мекарданд. Онҳо инқилобиён, дақиқтараш чирикиҳо ва ҷиҳодиҳое ҳастанд, ки дигар ба пирӯзии худ бовар надоранд. Ба шикасти ниҳоӣ ва марги худ мехоҳанд дигаронро ҳам шарик кунанд. Ҳатто кӯдаконро! Вале ба нухбагон ва низоми истибдодии онҳо кор надоранд, чун худ низ аз шумори онҳо ҳастанд.

Аммо дар рӯзҳои охир як ҷеҳрае дар Арманистон рӯи саҳна омад ва ҳазорҳо, даҳҳо ҳазор ва билохира 160 ҳазор мардумро дар як рӯзи баҳории апрел ба майдон баровард. Ҳанӯз маълум нест ӯ ба кадом роҳ меравад: Ба роҳи Гандӣ ва Мандела ва ё ба роҳи инқилобиёни ноумеди Украин ва Гурҷистон? Агар дар сари қудрат омад, оё чун ҳарифи худ мекӯшад онро ғасб кунад ва ё меравад, то аз худ барои ҳамватанон ва ҳамсояҳояш намунаи беҳтаре гузорад?

Ҳанӯз дар мавриди Инқилоби осоишта ва беозори Арманистон чизе гуфтан нашояд. Русия ҳар қадами тарроҳи он – Никол Пашинёнро назорат дорад ва пайт меҷӯяд, то дахолат кунад. Аммо ба назар мерасад, ки мардуми Арман он қадар эҳсосӣ ва ифротӣ нест, ки ба дигарон баҳонаи дахолат диҳад. Ин дигарон чӣ баҳонае ҳам дошта метавонанд, дар ҳоле ки мардум эътирозашро бо рақс баён мекунад.

Таҷрибаи Арманистон меомӯзад, ки хеле муҳим аст мардуми эътирозгар хатти сурхро нагузаранд, то ба дигарон (ҳукуматдорон ва кишварҳои манфиатдоре чун Русия) низ иҷозат надиҳанд, ки хатти сурхро гузаранд. Ва нақши калидии Пашинён нигоҳ доштани ҳамин баланс (тавозун) аст. Ӯ манфиатҳои минтақавии Русияро зери суол намебарад, гарчанде бо ҷуръати хос мушкилоти ду кишварро низ номбар ва роҳҳои ҳалро пешниҳод мекунад. Барои ҳифзи натиҷаҳои Инқилоб ӯ бояд балансро нигоҳ дорад, чун медонад Русия пойгоҳи низомӣ ҳам дорад. Қарабоғи Кӯҳӣ як заъфи дигари Арманистон аст ва эҳтимоли аз он сӯиистифода кардан ва вазъияти минтақаро халалдор сохтан вуҷуд дорад. Муҳоҷират ва кӯчидани аҳолӣ ба Русия низ метавонад чун фишанги фишор истифода шавад. Ҳанӯз ин хатарҳо боқӣ мондаанд ва на фақат меъмори Инқилоби арман, балки мардумаш низ бояд хеле ҳушёр бошанд. Барои ҳамин, меъмори Инқилоб мегӯяд: «Агар шуморо дар ҷое ба бархурди хушунатомез тела доданд, он ҷойро иваз кунед».[1]

Вазъият боз аз он печидатар аст, ки Русия намехоҳад ин инқилоби беозор то охир пирӯз гардад, зеро метарсад, ки онро мардуми рус чун намуна барои худ қабул кунад.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷик ҳам дар ҷустуҷӯи он аст, ки аз Инқилоби Арман чизе омӯзад. Аммо то он замоне ки ӯ аз гузаштаи наздики худ таҷриба нагирад, аз ҳеч мардуми дигаре низ омӯхта наметавонад. Бахусус, аз Арман, ки барояш аз сайёраи дигар аст ва ин махлуқ яке аз ангезандаҳои Ҳодисаҳои февралии соли 1990 буд. Пешвоёни ин Ҳодисаҳо ва Ҷанги шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, аз эҳсосӣ ва иғвоангез будани зеҳни тоҷик истифода карданд. Онҳо дар пайи нигоҳ доштани баланси неруҳо набуданд. Эълон карданд, ки русҳоро асир мегиранд, гарчанде медонистанд дар дили Душанбе пойгоҳи ҳарбии Русия қарор дорад.

Аз Инқилоби Арман чиро ҳам метавон омӯхт. Оё рақсу мусиқӣ метавонад барои Тоҷик корбурди муқаддас ва инқилобӣ дошта бошад? Оё медонад, ки на ҷангу хунрезӣ, балки саркашии шаҳрвандӣ (гражданское неповиновение) ягона роҳи ба зону нишондани қудратмандони мутакаббир аст? Магар имкон дорад, ки боздошти оммавӣ натавонад пеши роҳи тазоҳургаронро бигирад, балки шумори онҳоро даҳчанд афзояд, чуноне ки дар Арманистон иттифоқ афтод? Арманҳо 24 апрелро чун Рӯзи ҳамбастагии миллӣ ба ёдбуди қатли омми ҳаммилатонашон дар соли 1914 бахшидаанд. Оё Тоҷик чунин рӯзе дорад, ки худогоҳии миллии онҳоро таҳким бахшад? Оё Тоҷик нафаре дорад, ки фаротар аз авлоду маҳал бошад ва миллӣ андеша кунад? Оё нафаре дарк кардааст, ки истифода аз технологияҳои нави иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто оптимизатсияи онҳо бисёр муҳим аст?

Яке аз сабабҳои то ҳанӯз муваффақ мондани Инқилоби Арман муносибати қувваҳои низомӣ мебошад, ки эълон карданд ба равандҳои сиёсӣ дахолат намекунанд ва тарафи ҳеч гурӯҳеро намегиранд. Иштибоҳи гурӯҳҳои мухолифи тоҷик дар солҳои 1990-ум аз он иборат буд, ки ҳар кадоме мекӯшид қувваҳои низомиро тобеи худ кунад ва барои ин, эҳсоси маҳаллӣ ва мазҳабии низомиёнро бармеангехтанд. Ҳанӯз ҳам, ангушти иттиҳом ба сӯи қувваҳои низомӣ ба ҳамон фаҳмиши нодуруст бармегардад, ки бояд онҳо низ дар муборизаҳои сиёсӣ тараферо ҳимоя кунанд.

Пашинён истеъфои Серж Саргсёнро ҳадафи ниҳоии Инқилоб намедонад, балки ба назар мерасад, ки мехоҳад системаеро ислоҳ кунад, ки хостаю нохоста худкома мезояд. Аз ин рӯ, мегӯяд: “Инқилоби аслӣ метавонад фақат ҳадафи гузаранда дошта бошад. Вақте ки ин ҳадаф ба даст омад, ҳадафи наве муқаррар мегардад, ки дар гумони касе нест. Чунин ҳадафгузорӣ то тамом шудани захираҳо идома меёбад.”

Баъди истеъфои Саргсён, қадами минбаъда интиқоли қудрат бо роҳи осоишта аст. Аз ин рӯ, ҳизби ҳоким – Ҳазби Ҷумҳурихоҳон бояд пурра ва бегуфтугӯ капитулятсия шавад. Дар тамоми ин марҳилаҳои инқилоб Пашинён дар пушти парда нарафт, то бо ҳарифаш муомила кунад, балки аз ӯ талаб кард, дар пеши мардум, дар ҳузури рӯзноманигорон бо ӯ вохӯрад ва гуфтугӯ кунад. Мардум пирӯз шудааст ва ин пирӯзӣ бояд бе ҳеч гуна шарти пешакӣ эътироф гардад.

Агар ҳамин ҷиҳатҳои Инқилоби Арманро бо Инқилоби Тоҷик дар солҳои 1990-ум муқоиса кунем, фарқият усулӣ аст. Ҳадафи ниҳоии пешвоёни Инқилоби Тоҷик истеъфои ҳукуматдороне буд, ки ҳаммаҳали онҳо набуданд. “Истеъфо!” на фақат шиор, балки моҳияти аслии Инқилоби Тоҷик буд. Он на дар ҷустуҷӯи ислоҳи система, балки дар пайи ба даст овардани манфиатҳои маҳдуди пешвоён буд. Инқилоби Тоҷик, ки дар мафҳуми “истеъфо” ифода мегардад, бар хилофи ҳаракату дигаргунӣ аст. Баръакс, он боиси карахт ва беҳаракат шудани чархи таърих мегардад.

Тоҷик ба хотири карахтию беҳаракатӣ, ба хотири кафшер кардани чархи таърих инқилоб карда буд. Ва он ҳам инқилоби пур аз озору ҷанг ва куштор. Боз ҳам, аз он таърих таҷриба намегирад ва онро “ҷанги таҳмилӣ” меномад. Ҳамин метафораи “ҷанги таҳмилӣ” бозгӯкунандаи бемасъулиятии таърихӣ ва бонги хатари дигаре аст. “Ҷанги таҳмилӣ” гуфтан, яъне фаромӯш кардан, ки омилу сабабгори асосии ҷанг худи тоҷик буд; фаромӯш кардан, ки тоҷик ба хотири пешвоёнаш дар ними роҳ аз баҳри ҳадафи ниҳоии инқилоб гузашта буд; ва фаромӯш кардан, ки худ фурсат дод, то дигарон дар симои ӯ хатар бубинанд ва бар зидди ӯ иқдом кунанд.

Copyright @2018 TojNews

 

Назарҳо

"Тоҷик ба хотири карахтию беҳаракатӣ, ба хотири кафшер кардани чархи таърих инқилоб карда буд" ???!!! Итари бадам не аку бародар!

Шояд шумо суол ё назаре доред?