Нокомии Русия дар мулоқоти Доҳа

Ширкаткунандагони мулоқоти Доҳа дар мавриди коҳиши истихроҷи нафт дар олам ба натиҷа нарасиданд.

Ба иллати сӯитафоҳумҳо ягон ҳуҷҷати расмӣ ҳам дар ин нишаст имзо нашуд.

Ин мулоқот рӯзи 17-уми апрел дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа доир шуд ва кишварҳои содиркунандаи нафт, аз ҷумла давлатҳои узви ОПЕК мебоист барои коҳиши истихроҷ ва бо ин васила таъсир расондан ба раванди болову поён омадани арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ таъсир расонанд.

Эрон ба ин ҷаласа намояндаи худро нафиристод ва Арабистони Саудӣ ҳам аз аввал эълон кард, ки агар Теҳрон ба коҳиши истихроҷи нафташ мувофақа накунад, Риёз низ санади лозимро имзо нахоҳад кард.

Русия, ки аслан узви ОПЕК нест, вале дар ҳамоиш ширкати фаъолона дошт ва яке аз хоҳишмандони коҳиши истихроҷи нафт маҳз ҳамин кишвар буд. Мулоқоти намояндагон ҳудадан шаш соат идома дошт.

Bloomberg истинодан ба суханони вазири энержӣ ва саноати Қатар Муҳаммад бинни Солеҳ иттилоъ додааст, ки ширкаткунандагони мулоқот гуфтаанд, ки барои расидан ба як тавофуқ ба баҳси бештар ниёз доранд ва ин масъала ҷиддитар бояд мавриди баррасӣ қарор гирад.

Ин манбаъ гуфтааст, ки баъди мулоқоти аввалин, ки моҳи феврал бо ширкати Русия, Венесуэла ва Арабистон баргузор шуда буд, вазъ дар бозорҳои ҷаҳонии фурӯши нафт беҳтар шуд. Ин хабаргузорӣ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки ихтилофи аслӣ сари ширкати Эрон дар ин гуфтушунид ва ҷонибдории Риёз аз тасмимҳо буд.

Вале на Эрон ширкат кард ва на Арабистон бо ҷиддият сари ин масъала ба тавофуқ розӣ шуд. Вазири энержии Қатар гуфтааст, ки коҳиши итихроҷ хеле самаровар мебуд, агар кишвраҳои аслии содиркунанда дар ин ҳамоиш ширкат мекарданд.

Дар ин гуфтушунидҳо 18 кишвари олам иштирок доштанд. Аз ҷумла аз 13 узви ОПЕК 11 кишвар (ба истиснои Эрон ва Либӣ) иштирок карданд. Ҳамчунин намояндагони Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Баҳрайн, Колумбия, Мексика ва Уммон ширкат намуданд.

Намояндаи Русия дар ОПЕК Владимир Воронков гуфтааст, ки гуфтушуниди Маскав бо кишварҳои содиркунандаи нафт идома мекунад, вале ин масъала ба ҳадде печида ва мушкил аст, ки баъид аст як тавофуқи ба манфиат ҳосил шавад. Таҳлилграони Sberbank CIB мегӯянд арзиши нафт дар пасманзараи гуфтушнидҳои Доҳа поин меравад, вале на пасттар аз 30 доллар ба ҳар бушка.

Дар остонаи мулоқот Бонки амонатгузории Русия шарҳеро ироа карда буд, ки тибқи он нокомии гуфтушунид дар Доҳа таъсири манфие ба арзиши нафт ва қурби пули русӣ хоҳад дошт.

Шояд шумо суол ё назаре доред?