Номаи Бузургмеҳр Ёров аз зиндон ба бародари боздоштшудааш Ҷамшед

Хосият Ёрова, хоҳари адвокати маъруф ва зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров як номаи тозаи бародарашро дар саҳифаи Фейсбуки худ гузоштааст, ки унвонии бародари дигари боздоштшуда ва адвокаташ Ҷамшед Ёров равон шудааст. 

Адвокати машҳур бародарашро дилбардорӣ кардааст, ки баъди 60-90 рӯз агар туҳмати дигаре ба сараш бор накунанд, аз боздошт раҳо хоҳад шуд.Зеро ҳарду қисми моддаи 311 шомили қонуни нави афв аст.

Дар нома аз ҷумла мехонем: “Ҷамшед Салом! Чӣ ёрӣ расонем? Моддаи 311 ҳарду қисмаш ба амнистия меафтад. Бепарво бошу худатро ҳимоя кун. Апаи Ҳилола адвокати хуб аст. Маслиҳатҳояшро гӯш намо. Бароӣ, хизматашро боз дучанд иҷро кун.

Мо дар суд барои дастгирии шумо 24.08.2016 изҳорот додем, ки чор моҳ пеш оиди ин боздошт гуфта будам. Агар СИЗО, ИВС бурданд, номи манро гир, ҳама маҳбусон дар ИВС агар нашиносанд, пас дар СИЗО мешиносанд, ҳурмату эҳтиром мекунанд.

Фикр мекунам дар 60-90 рӯз мебароӣ. Агар ягон туҳмати дигар накунанд. Кори маро очам, оилаам, Хосият даводав доранд. Мо ба Ватану миллат боз хизмат мекунем. Аз 90 рӯз як рӯзе кам намо, рӯзе мерасад, ки ҳеч чиз намемонад. Ман рӯзу соатҳоро ҳамин хел ҳисоб крадан мегирам. Чӣ тавр даҳ моҳу 26 рӯз гузашт, намедонам.

Сураҳоро, намозро ёд гир. Дар ин ҷо ҳама намоз мехонанд. 24 августи соли 2016”.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров низ аз ҷониби мақомоти кишвар ба иттиҳоми “фош крадани сирри парвандаи наҳзатиҳо” боздошт шудааст.

Аз ӯ пештар Савриниссо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҳизби мамнуъи Наҳзати исломӣ низ боздошт ва мавриди пурсиш қарор гирифта буд.

Боздошти Ҷамшед Ёров ва Савриниссо Ҷӯраева  ба дунболи  нашри ҳукми Суди Олии Тоҷикистон дар бораи наҳзатиҳо дар сайти Паём.нет сурат гирифт.

Мақомот мегӯянд касе ҳукми Суди олиро, ки махфӣ аст, ба пойгоҳи хабарии мухолифони фирорӣ додааст.  

Назарҳо

Субҳоналлоҳ. Намозро ёд гир дар инҷо ҳама намоз мехонанд! ...

Шояд шумо суол ё назаре доред?