Норозигии Қоҳир Расулзода аз сохтмони роҳи Кӯлоб-Қалъа Хумб

Сарвазири мамлакат дар доираи як сафари худ ба вилояти Хатлон ибо рафти татбиқи Лоиҳаи сохтмони қитъаи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб шинос шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, Қоҳир Расулзода дар қитъаҳои алоҳидаи роҳ аз маҳалли корҳои омодасозии таҳкурсии роҳ, корҳои тахту ҳамворнамоии хоктеппаҳо, бунёди саддҳои муҳофизатӣ, пойдеворҳо ва ҷӯйу обравҳои канори роҳ дидан карда, барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои пешбинишуда масъулини соҳаро вазифадор намуд.

Сарвазири мамлакат таъкид кард, ки арчанд дар иҷрои нақшаи корҳои роҳсозӣ нисбатан пешравиҳо ба назар мерасанд, вале дар аксар қитъаҳои роҳ корҳо мувофиқ ба нақшаи тақвимӣ роҳандозӣ нашудаанд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи лоиҳаи мазкур моҳи январи соли 2011 оғоз гардида, тибқи нақша бояд то охири соли равон ба итмом расонида шаванд.

Сохтмони қитъаи роҳи Шамсиддини Шоҳин – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб аз ҷониби мутахассисон ва роҳсозони Тоҷикистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Туркия, Лубнон ва Кувейт анҷом дода мешавад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?