Нозияи Кароматулло духтарча таваллуд кард

Нозияи Кароматулло,овозхони шинохтаи тоҷик соҳиби духтарчаи нахустин шуд. 

Наздикони Нозия ба TojNews гуфтанд, ӯ 7-уми декабр дар шаҳри Душанбе таваллуд кардааст. Вазни духтарчааш 3,2 кг буда, қадаш 52 см мебошад. Наздикони овозхон мегӯянд, вазъияти Нозия ва духтарчааш хуб буда, ҳоло онҳо барои тифл номи муносиб меҷӯянд.

Нозияи Кароматулло, духтари овозхони шинохта марҳум Кароматуллои Қурбон яке аз овозхонҳои шинохтаи эстрадаи тоҷик буда, соли 2010 ба рӯи саҳна омадааст. Дар солҳои нахустини ба саҳна омаданаш аллакай ӯ ҳамроҳи бародараш Муҳаммадрофеи Кароматулло дар саҳнаи эстрадаи тоҷик маъруфияти зиёде касб карданд. 

Ин ду овозхон ҳамасола 29-уми ноябр дар рӯзи зодрузи падарашон Кароматуллоҳи Қурбон консерти худро барпо мекунанд. Аммо дар соли равон Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ худаш танҳо консети мазкурро баргузор карда, гуфта буд, ки хоҳараш интизори фарзанд аст. Дар бораи кай ба саҳна баргаштани Нозия наздиконаш мегӯянд,  ӯ тасмими аниқ нагирифтааст. 

Нозияи Кароматулло 7-уми феврали соли 1988 дар оилаи Кароматуллоҳи Қурбон, овозхони шинохта тоҷик ба дунё омада, соли 2005 мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваро хатм кардааст. Баъдан таҳсилашро дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон дар курси академии дипломӣ оид ба вокал ва рақс идома дода, соли 2007 дар озмуни рақси классикии “Катак” дар ин кишвар ғолиб баромадааст. 

Соли 2010 Нозия Консерваторияи Ҳиндустонро бо дипломи сурх хатм намудааст.  

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

аташ е бобош дадош ки боша падараш ки боша ?
Шавхари Нозия ки аст??
Муборак бошад. ....Нафахмидем падари духтарча кист?
Падари ин духтарчааш ки бошад, як маьлумот медодет бехад хуб мешуд
О и нозия шавхар накардабудку? Чаро дар ин масала хеч хабар нест?
дар бораи шавхараш чаро маълумот надодед муалиф? аслан нозия оиладор аст?
Падари духтарча ки будас кадом одами хушбахт
Спешу я от души поздравить вас: На свет принцесса ваша родилась! Пускай она здоровенькой растет, От мамы с папой лучшее возьмет. Пусть будет умной, доброй и красивой, И жизнь ее пусть сложится счастливой. Пусть будет ваша дочка лучшей самой И радует все время папу с мамой.
Шавхари Нозия кист? У чи кора аст? Чаро дар макола ин гуна маълумот нест! Сайт вазифадор аст, ки чунин маълумотро пурра биёварад!
Падари духтарчаи Нозия ки бошад?
Кай ба шавхар баромада буд нозия?
ШАВХАРИ НОЗИЯ КИ ХАСТ?
муборак бошад духтарча илохо солим калон шавад ба падару модар насиб гарда
одамам ика бемаъне намешад дия охир. шумохонба чи дадош ми оташ ким? будагист ягон кас де. хай донистагит навис охир! як савола хамакаса метитон
Падараш хаст ми ин духтарчаро? (Давом дорад)
Ика мардум бе дарак ки Нозия шавхар кардаст -Ин чи дахшат ,делои чинояти кушодан лозим .
Нозия кай боз ба сахна бармегардад?
Ой!!А вы не знаете что Нозия стала женой миллионера и это правда...

Шояд шумо суол ё назаре доред?