Нуриддин Давронов: Барои ман тарки дастаи “Истиқлол” бисёр мушкил аст

Нуриддин Давронов, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва бозингари тими “Истиқлол”-и Душанбе ба тими “Дунав”-и Булғористон гузашт.

16-уми август Нуриддин Давронов шартномааш бо тими “Дунав”-ро ба имзо расонд.

Давронов мегӯяд, барояш тарки дастаи “Истиқлол” бисёр мушкил аст, аммо ӯ боз ба ин тим бармегардад.

-Барои ман бисёр хуб аст, ки дар дастае мисли “Дунав” бозӣ мекунам. Ба роҳбарияти ин даста барои даъваташон сипосгузорӣ мекунам. Инчунин ба Президенти клуби “Истиқлол” Шоҳрух Саидов сипосгузорӣ мекунам, ки барои гузаштан ба тими “Дунав” маро дастгирӣ кард. Вақте аз дастаи “Дунав” барои ман даъват омад, ман ба Шоҳрух Саидов гуфтугӯ кардам ва ӯ маро фаҳмид-гуфт Давронов.

Нуриддин Давронов дар Булғористон ягона тоҷик нест. Ба ғайр аз ӯ боз 2 футболбози тоҷик: Искандар Ҷалилов дар “Дунав” ва Парвизҷон Умарбоев дар “Локомотив” (Пловдив)-и он кишвар бозӣ мекунанд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?