Нуриддин Саид: Ба иштирокчиёни “маршировка” пул ва хобгоҳ медиҳем

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ба тамоми донишҷӯёне, ки дар “маршировка”-ҳо иштирок мекунанд стипендия дода мешавад.

11-уми июл Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ба донишҷӯёни дар “маршировка” иштирокдошта, маблағ дода мешавад.

Ба қавли Вазир инчунин иштирокчиёни “маршировка” инчунин бо хобгоҳи ройгон таъмин шуда, ба онҳо як вақт хӯроки гарм ва нӯшокӣ дода хоҳад шуд.

Ҳамчунин ба қавли Нуриддин Саид иштирокчиёни “маршировка” бояд аз хобгоҳ то варзишгоҳ бо нақлиёти махсус оварда шаванд.

 

Назарҳо

Student boyad dars khonad va maslakashro khub omuzad! na marshirovkaro omuzad!

Шояд шумо суол ё назаре доред?