Оғози нахустин сафари зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ

Нахустин гурӯҳи зоирини тоҷик  29-уми август ба Арабистони Саудӣ сафар хоҳанд кард.

Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба TojNews хабар доданд, ки соли равон сафари зоирини тоҷик тариқи ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон –Эйр” ва ширкати ҳавопаймои Саудии “Flynas” сурат мегирад.

Қаблан дар ин самт ширкатҳои “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” ба зоирин хизмат мерасониданд, аммо имсол ин ҳуқуқ аз ширкати “Тоҷик Эйр”  гирифта шуд.

Дар назар аст, ки имсол 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд.   

Тибқи эълони қаблии Кумитаи дин, хароҷоти маросими ҳаҷ  дар соли равон барои ҳар як нафар шаҳрванди кишвар 22 ҳазору 906 сомонию 98 дирам муқаррар шудааст. Ба ин маблағ қимати чиптаи тайёра-рафтану омадан,  меҳмонхона, суғуртаи тиббӣ, ғизо, қурбонӣ, либоси ягона, инчунин хаққи хизмати роҳбаландон ва гурӯҳҳои корӣ, ки ба он табибон низ шомиланд, дохил мешавад. Зоирин тоҷик мисли солҳои қаблӣ бо либос ва борхалтаи ягона ба Ҳаҷ мераванд, ки аз тарафи ширкати  дӯзандагии “Ёқут- 2000” омода шудааст.  

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?