Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон

Президент Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз 31-уми август  бо як сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рафт.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, дар фурудгоҳи ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмонро сокинон “бо самимияти баланд ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни ба нафъи давлату миллат анҷомдода истиқбол гирифтанд.”

Дар назар аст, ки Президент зимни ин сафар дар ифтитоҳи як қатор иншоотҳо ширкат варзида, дар чорабинии Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии Данғара иштирок ва суханронӣ кунад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?