АКС:Оғози сохтмони нахустин роҳи бисёрқабата дар Тоҷикистон

Сохтмони роҳи бисёрқабата ё эсткада бо иштироки Президент Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 82-юми пойтахт шуруъ шуд.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, эстакадаи мазкур дар доираи амалишвии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд мегардад.

Чорсӯи нави сохташаванда аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа, роҳи давродаврие (колцевая дорога) бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб купрук, ки дарозиаш 125 метрро ташкил медиҳад, мегузарад. Дар лоиҳаи мазкур сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мешавад. Паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян-Бейсин”–и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро бошад Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон дастандаркорони тарҳро бобати назорати қатъии сифати роҳи сохташаванда муваззаф намуда, таъкид дошт, ки бояд лоиҳаи мазкур мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати олӣ бунёд гардад, то он барои мардум солҳои тӯлонӣ хизмат намояд.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни ҳол дар баробари ҳаракати нақлиёти транзитӣ, роҳи мазкур асосан ба сифати шоҳроҳе истифода мешавад, ки аз он воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт, ҳамчунин нақлиёти боркаш ва ҷамъиятӣ мегузаранд, ки ин ташкили муътадили ҳаракатро дар қитъаи мазкур мураккаб месозад. Эстакада бошад, барои беҳтар намудани шароити ҳаракат ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо мусоидат мекунад. Чунин роҳҳои болоиҳам (эстакада) аввалин маротиба дар Тоҷикистон бунёд мешавад. Тибқи нақша ин роҳ дар давоми ду сол сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

 

Назарҳо

"купрук" ба забони мову шумо "пул" аст!

Шояд шумо суол ё назаре доред?