Оғози татбиқи лоиҳаи нави ИМА барои мубориза бо СПИД

Ҳукумати ИМА татбиқи лоиҳаи нав зидди вируси норасоии масъунияти бадан (СПИД)-ро дар Осиёи Марказӣ эълон кард.

Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Душанбе, лоиҳаи нав тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар муддати 5 соли оянда амалӣ карда мешавад.

Лоиҳа дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои гирду атрофи он ва вилояти Суғд амалӣ хоҳад гардид. Сафири ИМА Элизабет Миллард ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба маросими ифтитоҳи лоиҳа ҳусни оғоз бахшиданд. Қобили зикр аст, ки дар маросими ифтитоҳ шахсони мансабдори ҳукумат, намояндагони донорҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок доштанд.

-Фаъолияти лоиҳаи пешсафи USAID бар зидди ВНМБ дар Осиёи марказӣ оиди мубориза бо ВНМБ, ки тавассути нақшаи фавқулодаи Президенти ИМА барои кӯмак доир ба АНМБ (PEPFAR) маблағгузорӣ мешавад, ба наҷоти ҳаёти одамони гирифторони ВНМБ/АНМБ дар саросари ҷаҳон равона шудааст. Ҳадафи аз татбиқи лоиҳа коҳиш додани шумораи сирояти ВНМБ ва ҳолатҳои марг марбут ба ВНМБ дар кишварҳои Осиёи марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур иҷрои чорабиниҳо оид ба пешгирии ВНМБ, нигоҳубин ва табобати сироятшудагон пешбинӣ шудааст, ки дар мутобиқат бо ҳадафҳои “90-90-90”-и барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ВНМБ/АНМБ-ро сурат мегирад:  яъне то соли 2020 90%-и ҳамаи шахсоне, ки бо ВНМБ зиндагӣ мекунанд, дар бораи вазъи сирояти ВНМБ-и худ огоҳ мешаванд, 90%-и ҳамаи шахсони мубталои ВНМБ аз табобати антиретровирусии устувор мегузаранд ва байни 90%-и ҳамаи шахсоне, ки табобати антиретровирусӣ мегиранд, коҳишёбии вирус мушоҳида хоҳад гардид,-мегӯяд манбаъ.

 Тоҷикистон яке аз кишварҳои камшумори ҷаҳон аст, ки сол аз сол шумораи ҳодисаҳои нави сироятшавии ВНМБ афзоиш меёбад. Ҳарчанд ки ВНМБ асосан дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо хатари баланди сироятшавӣ паҳн мешавад, рушди босуръати он ба тамоми аҳолӣ таҳдид мекунад. Бино ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо АНМБ дар соли 2015 дар Тоҷикистон 7709 гирифторони ВНМБ расман ба қайд гирифта шуданд.

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?