Охирин огоҳӣ ва як моҳ муҳлат барои Ҷамила Лангариева

Шаҳрдори Душанбе аз фаъолияти комиссияҳои амалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамъиятии назорати танзими расму оин дар пойтахт ҷиддан нигаронӣ карда, барои ислоҳи вазъ ба масъулин охирин огоҳӣ дод.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе 26-уми сентябр дар ҷаласаи шаҳрдорӣ гуфт, “аксаран қонунпоймолкуниҳо дар ин самт бо сабаби хунукназарии масъулин дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва муносибати якхелаву муносифонаро нисбати хилофкорон роҳандозӣ накардан  рўи кор омада, ба он боис гардидааст, ки мутаассифона ҳолатҳои зиёдаравиҳои намоишкорона то ҳанўз ҷой доранд.”  

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, барои роҳандозӣ накардани назорати дахлдор ва ташкили ҳамоҳангии фаъолияти комиссияҳои зикршуда ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷамила Лангариева, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Фирўз Ўлмасов ва мудири  шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар шаҳри Душанбе Назруллоҳи Муҳаммадюсуф бо муқаррар кардани охирин огоҳӣ барои ислоҳи вазъ як моҳ муҳлат дода шуд.

Инчунин Манзура Саломова, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз вазифа сабукдӯш гардид.

Убайдуллоев ҳамчунин кори роҳбарияти Раёсати ВКД ва БДА дар пойтахтро дар самти иҷрои қонуни зиркршуда ва аз байн бурдани савдои кўчагӣ, ба хусус нозирони минтақавиро ғайриқаноатбахш арзёби намуд.

 

Назарҳо

Мудири шуъбаи дини ш.Душанбе .. дар химояи кори илмиаш, ки яке аз байтнависон аз водии Рашт буд, се дафъа аз комиссия нагузашт. Дафъаи охирон ба хотири рохбари илмияш уро бо тахкир гузарониданд. Акнун тасаввур(хулоса) кунед, нафаре, ки умуман ахли савод нест, чи гуна шахри Душанберо дар самти фаъолияти хеш ба танзим медарорад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?