Охирон гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик ба Арабистон расиданд

Дирӯз 6-уми сентябр охирин гурӯҳи ҳоҷиёни Тоҷикистон аз самти Душанбе ба Маккаи мукаррама расиданд.

Бино ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, ин гурӯҳи 300-нафараи зоирин парвози худро аз тариқи ширкати ҳавопаймоии “Флай-нос”-и Арабистони Саудӣ анҷом доданд.

Манбаъ мегӯяд, ҳоло ҳоҷиёни Тоҷикистон дар ду меҳмонхонаи атрофи Ҳарам ҷойгир карда шудаанд ва баъди адои маносики умра ҳоҷиён ибодатҳои худро дар Хонаи Худо идома дода истодаанд. 

Дар назар аст, шоми 9-уми сентябр интиқоли ҳоҷиён ба Мино оғоз гардад. Баъди адои ҳаҷ ҳоҷиёне, ки аз самти Душанбе ба Ҷидда сафар намудаанд, ба Мадинаи мунаввара сафарбар мешаванд. Аммо ҳоҷиёне, ки аз самтҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара парвоз анҷом дода буданд, дар назар аст, шурӯъ аз 17-уми сентябр ба Ватан баргарданд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?