Олимон таъсири навиштани паёмак ҳангоми ҳаракатро муайян кардаанд

Натиҷаи як таҳқиқ муайян кардааст, ки нафароне, ки зимни ҳаракату пиёда гаштан бо телефони ҳамроҳ паёмак менависанд, хеле боэҳтиёданду чунин тарзи кор хатаровар нест.

Ин натиҷаро олимон ва муҳаққиқони Британияи Кабир дар ҷараёни роҳандозии як пажуҳиш ба даст овард. Онҳо мегӯянд, ки навиштани паёмакҳо барои мардону заноне, ки дӯст медоранд, ҳангоми ҳаракат паёмак нависанд, бехатар мебошад. Ҳатто қадамҳояшонро баланду устувор ва дониста мегузоранд.

Ин гуруҳи олмон хостаанд таҳқиқ кунанд, ки рафтори писарону духтароне, ки ҳангоми ҳаракат ба ҷойе ҳамзамон паёмак менависанд то кадом ҳад тағйир меёбад.

Барои илман асоснок кардани мушоҳидаҳшои худ равоншиносон як самти ҳаракати ҷудоганаро ташкил доданд, ки аз монеъаҳои муайян иборат буд. Аз ҷумла, касоне бо симову сурати гуногун, роҳҳои печида, марҳилаҳои убур ва монеъаҳои сунъии дигар. 

Ҳамаи ширкаткунандагони санҷишро зарур буд, ки аз як роҳи дурудароз убур карда, ҳамзамон як силсила вазифаҳоро хеле бодиққатона анҷом диҳанд. Табибон бо истифода аз як системаи  сезинагии таҳлил ҳаракатҳоро чен мекарданд. Яъне, суръати ҳаракати одамон, қадампартоӣ ва шеваҳои убур аз монеъаҳоро ба мушоҳида мегирифтанд.

Муайян шудааст, ки чунин нафарон зимни навиштани паёмак ба телефони ҳамроҳ хеле бо диққат мешаванд. Қадампартоӣ, суръат ҳаракат тағйир меёбад.

Натиҷаи ин санҷиш ва мушоҳидаҳои илмӣ дар маҷаллаие бо номи  PLоS One чоп шудааст. Гуфта мешавад, ки дар ин таҷриба духтурон се гуруҳро таҷриба кардаанд, ки синну соли онҳо аз 18 то 50 солро дар бар мегирифт.  

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?