Омӯзиши асосҳои бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон

Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ (ШХМИ) дар доираи як семинар ба бонкдорони Тоҷикистон рукнҳо ва меъёрҳои бонкдории исломиро меомӯзонанд. 

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Бонки миллӣ, ин семинар тӯли 4 рӯз давом карда, дар он 70 нафар намояндагони низоми бонкии ҷумҳурӣ иштирок доранд. 

Ба иттилои манбаъ, тибқи барномаи омӯзишӣ тайи 4 рӯзи семинар дар назди иштирокдорони он ёрдамчии Дабири кулли ШХМИ доктор Шариф Аюб ва мутахассисони варзидаи Департаменти техникию тадқиқотии созмони номбурда маърузаю суҳбатҳои амалӣ анҷом медиҳанд. 

-Дар семинари мазкур асосан бо максади тақвияти дарку фаҳмиши иштирокчиёни он дар бораи меъёрҳои дахлдор ва принсипҳои асосие, ки барои татбиқи ҳамин меъёрҳо дар ташкилотҳои дахлдор заруранд омӯзонида мешавад.  Ба ғайр аз ин, иштирокдорони семинар имконият пайдо мекунанд, ки маълумоти мукаммалро дар бораи заминаи маблағгузории исломӣ ва амалиётҳои бонкии исломӣ, принсипҳои асосии идоракунии хавфҳо барои ташкилотҳои дорои хизматрасониҳои молиявии исломӣ, принсипҳои асосии низоми идорасозӣ тибқи усулҳои исломӣ, стандарти кифоя набудани сармояи азнавдидашуда ва ғайраро ба даст оранд,-иттилоъ медиҳад манбаъ.  

Қонуни Дар бораи фаъолияти Бонки исломӣ дар Тоҷикистон 26-уми июли соли гузашта аз тарафи Президент Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд. Бо гузашти қариб 9 моҳ то ҳанӯз фаъолияти ин гуна бонкҳо ба роҳ монда нашудааст. Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллӣ дар нишасти матбуотии ин ниҳод дар моҳи январ гуфта буд, ҳоло санадҳои зерқонунии бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон омода шуда истодааст.  Аммо то ҳол мушаххас нест, ки фаъолияти ин гуна бонкҳо кай шурӯъ мешаванд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?