Ошкор шудани ҷинояти куштори сарроф баъд аз 4 сол

Ҷиноти куштори як сарроф дар вилояти Суғд баъд аз 5 сол ошкор гардид.

Куштори сарроф Олимҷон Мирҳалимов моҳи ноябри соли 2012 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рух дода буд. Мақомот давоми 5 сол натавонистанд ин ҷиноятро ошкор карданд.

Аммо шоми 1-уми сентябр дафтари матбуоти ВКД аз ошкор шудани ин ҷинояти куштор хабар дода гуфт, бо иттиҳоми куштори сарроф Абдулло Ишонқулов, сокини 33-солаи ноҳияи Ҷ.Расулов боздошт шудааст.

 Дар ВКД мегӯянд, “гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ то лаҳзае, ки изи ҷиноят чеҳраи гумонбарро муайян насохт бо боварӣ ҳаракатҳои оперативӣ - тафтишотӣ мегузаронид.”

Тафтишоти пешакӣ ошкор кардааст, ки Абдулло Ишонқулов дар танҳоӣ бо истифода аз корди хоҷагӣ ва расонидани се захми марговар ҷинояти мазкурро содир намудааст.

Нуқтаи ивази асъор, ки мавриди ҳамлаи гумонбаршаванда қарор гирифтааст дар кӯчаи Рӯдакии шаҳраки Пролетар, дар рӯ ба рӯи бозори марказии ноҳия ҷойгир гардидааст. Ҷиноят рӯзона тахминан соатҳои 09:30-дақиқа содир шудааст. Гумонбаршаванда ба тафтишот нишондод додааст, ки дар аввал кӯшиш мекунад бо истифодаи қувваи ҷисмонӣ аз ҷабрдида маблағҳояшро тасарруф намояд, вақте ба муқобилият рӯ ба рӯ мешавад аз корд истифода намуда як маротиба ба гардан ва ду маротиба ба шиками ҷабрдида ҷароҳат расонида ҷойи ҳодисаро тарк мекунад. Ғанимати ба даст овардаи гумонбаршаванда 54 сомониро ташкил дода, ин миқдор пулро Абдулло Ишонқулов бар ивази ҳаёти ҷавони 26-сола ба даст овардааст.

Ҳамчунин дар рафти ҳаракатҳои тафтишотӣ муайян гаштааст, ки пеш аз  ҷинояти куштор Ишонқулов дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Расулов ҷиноятҳои дуздӣ ва баъди ҷинояти одамкушӣ дар ҳайати гурӯҳ ҷинояти ғоратгарӣ низ содир намудааст.

Феълан аз рӯи далели ҷинояти одамкушӣ нисбати Абдулло Ишонқулов бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, мутобиқи талаботи моддаҳои 244 ва 249 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дуздӣ ва роҳзанӣ  қарор барои оғози парванда қабул гардида, мақомоти Прокуратураи ноҳияи Ҷ.Расулов тафтишоти пешакӣ бурда истодааст.

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?