Ошкор шудани қариб ҳазор намуд доруҳои пастсифат дар Суғд

Дар нимсолаи гузашта кормандони Раёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ назорати муассисаҳои фармасевтӣ қариб ҳазор намуд доруҳои муҳлаташон гузаштаро ошкор кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, “воридкунандагони маводҳои доруворӣ асосан ташкилотҳои фармасевтии хусусианд. Аз ин рў, Хадамоти назорати фаъолияти фармасевтӣ дар вилоят ҷиҳати таъмини назорати талаботи қонунгузорӣ дар ин самт чорабиниҳои саривақтиро амалӣ менамояд.”

Дар ин ниҳод мегӯянд, 919 номгўйи маводҳои доруворӣ, молҳои тиббии мўҳлати истифодабариашон гузашта сертификати мутобиқати сифат надошта, инчунин ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгуй набудаанд.

 

Назарҳо

Ин давлат кай ба худ меояду дору ва сохаи дорусозиро монополияи давлат эълон мекунад? Барои пул шуда, химикати хатарнокро точирон ба Точикистон ворид мекунанд. Мардум ба чои даво захр мехарад. Дар Узбекистони хамсоя аз соли 1994 монополияи давлат аст. Зеро барои сихатмандии миллат давлат масъул аст, точир дар гами кисаи худ. Депутатхо хам дар гафлатанд, ки мурду ки занда монд, касеро парво нест.
Ое ин мансабдорону депутатхо ва наздиконашон хам доруро аз Точикистон мехаранд? Агар дар Душанбе ва марказхо чунин хол бошад, дар дорухонахои нохияхо ва дехот вазъ чи гуна бошад? Ин масъаларо бояд дигар журналистон низ тез- тез бардоранд ва диккати масъулинро барои монополия намудани дору чалб кунанд.
Дар ш. Кулоб умуман оиди фуруши дорувори ягон тартибот вучуд надорад. Дорухонахо бештар ба фуруши маводхои пастсифат ва мухлаташон гузашта машгул хастанд. Дорухонахо ба талабот чавобгуй нестанд. Намояндагии хадамоти фармасевти дар Кулоб умуман гуе бехабар хаст ва фаьолият намекунад. Аз рохбари Хадамоти фармасевтии Чумхури талаб карда мешавад,ки оиди ин масьала тадбирхои чидди андешида шавад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?