Остон Азизов барои ҳунарнамоии бидуни шартнома дар туй 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Сароянда Остон Азизов барои бидуни шартнома дар тӯйе сурудхонӣ кардан, аз сӯи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Бино ба иттилои суди ин ноҳия, Остон Азизов моҳи августи соли 2015 дар истироҳатгоҳи “Жасмин”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб “дар тўйи хонадоршавии бародари шаҳрванд Ҳакимов Б. бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.06.2007 сол “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, бе бастани шартнома бо соҳиби тўй хизмат расонида, ҳунарнамоӣ намудааст”.

Дар суд мегӯянд, ки бидуни шартнома ҳунарнамоӣ кардани Остон Азизов зимни санҷиши Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба дин ва корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ифшо шудааст.

Остон Азизов дар мурофиаи судӣ гуфтааст, ки худро гунаҳкор намеҳисобад, чун дар ин маърака бо хоҳиши як дӯсташ ширкат карда, як-ду суруд ҳамчун туҳфа хондааст, аз ин сабаб шартномаи хизматрасонӣ набадааст.

“Гарчанде, ки ҳуқуқвайронкунанда Азизов О.Д. худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор ҳисоб накунад ҳам, гуноҳи ў бо далелҳои дар парванда мавҷудбуда, аз ҷумла санад, протоколи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ аз 19.08.2015 сол баёноти шоҳидон Шералӣ Исмоилов, Сайдобид Хоркашов, Муҳаммадӣ Саидов ва Бахтиёр Ҳакимов, ки дар баёноташон онҳо қайд кардаанд, ки дар тўйи мазкур сароянда Азизов Остонақул хизмат менамуд, тасдиқи худро меёбад”, - мегӯянд дар суд.

Ҳамин тавр суд бо дастрасии моддаҳои 140-142, 148-150 КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кардааст, ки Азизов Остонақул Достонович бо моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад ва ба ў бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 4000 (чор ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шавад.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Ин номаш ОстонаКУЛ будааст ку?

Шояд шумо суол ё назаре доред?