Остона: Созишномаи шарикии стратегӣ Тоҷикистону Қазоқистон ба тасвиб расид

Парламони Қазоқистон Созишномаи шарикии истратегии ин кишварро бо Тоҷикистон ба тасвиб расонд.

Бино ба навиштаи расонаҳои хабарии Қазоқистон ин ҳуҷҷат 15-уми сентябри соли гузашта дар ҷараёни сафари президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон имзо шуда буд. Парламони Тоҷикистон ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта ин санади муҳимро ба тасвиб расонда буд.

Иҷрокунандаи вазифаи Вазири умури хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ дар ҷаласаи парламон гуфтааст, ки “Қазоқистон Тоҷикистонро чун давлати бародар ва яке аз шарикони калидии сиёсӣ-стратегӣ дар Осиёи Марказӣ медонад.

Дар солҳои истиқлолият ҳамкориҳои дуҷониба қазоқистону Тоҷикистон дар самтҳои гуногун густариш ёфтааст”. Соҳибмақоми қазоқ ҳамчунин гуфтааст, ки ҳатто то имзои ин созишнома низ ҳамкориҳои байни ду кишвар стратегӣ буданд.

Ҳамзамон бо ин Мухтор Тлеубердӣ гуфтааст, ки бар асари омилҳо буруна коҳиши гардиши мол миёни ду кишвар ба мушоҳида мерасад. «Аммо ба ҳар ҳол агар гардиши мол бо мамолики дигар то 30 дарсад коҳиш ёфта бошад, пас бо Тоҷикистон 17 дарсад кам шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар баъзе самтҳо гардиши мол афзудааст. Солҳои 2015-2016 ҳаҷми интиқоли борҳои воридотӣ ва содиротӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон 2 миллион тоннаро ташкил дода буд, ки ин аз соли 2014 30 ҳазор тонна зиёд аст”.

Шояд шумо суол ё назаре доред?