Отамуродов - рақиби Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президетии Ӯзбакистон

Ҳизби «Миллий тикланиш» -  “Эҳёи миллӣ”-и Ӯзбакистон номзадии раҳбари ин ҳизб Сарвар Отамуродовро дар интихоботи президентии ин кишвар, ки дар назар аст 4-уми декабри соли ҷорӣ баргузор шавад, пешбарӣ хоҳад кард.

Дар ин бора қарори Шӯрои марказии ҳизби мазкур қабул карда шуд, -хабар медиҳанд нашрияҳои чопи Ӯзбакистон.

Бино ба иттилои ин расонаҳо, дар Анҷумани Ҳизби демократии Ӯзбакистон, ки имрӯз 16-уми сентябр доир шудааст, масоили иштироки ҳизб дар интихоботи президентӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.  

Хадамоти матбуотии ҳизби мазкур гуфтааст, пешбарии номзадии Сарвар Отамуродов, ки раҳбари фраксияи “Миллий тикланиш” ва вазифаи ноиби спикери Парлумони ин кишварро ба уҳда дорад, дар интихоботи президентӣ дастгирӣ карданд.

Ҳамчунин дар Анҷумани ҳизб қарор қабул шудааст, ки 15-уми октябр анҷумани навбати ҳизб барои иштироки ҳизб дар интихоботи президентӣ даъват карда шавад.

Ҳизби Сарвар Отамуродов, ки як ҳизби кисагии ҳукумати Ӯзбакистон дониста мешавад, аз аввалинҳо шуда аз тасмими ширкаташ дар интихоботи президентии ин кишвар хабар дод.

Интихоботи президентии Ӯзбакистон бо сабаби марги Ислом Каримов, президенти ин кишвар, ки 2-юми сентябр хабари маргаш тасдиқ шуд, доир мегардад.

Номзади асосӣ дар маърака Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи муваққати вазифаи президенти Ӯзбакистон унвон мешавад, ки аз ҷониби ҳизби либерал-демократии ин кишвар пешбарӣ шуд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?