Оташ задани акси Кабирӣ дар маркази Душанбе (АКС+ВИДЕО)

Як гуруҳ аз донишҷӯёни тоҷик аксҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнуъи наҳзати ислом ва пешвоёни мухолифони Ҳукумат дар хориҷи кишварро дар назди дафтари САҲА дар Душанбе оташ заданд.

Тазоҳуроти донишҷӯёни тоҷик дар назди дафтари САҲА дар Душанбе то бегоҳи 23-юми сентябр давом кард.

 

 

Нахуст дар чанд донишгоҳи Тоҷикистон таҷаммуъи донишҷӯён алайҳи иштироки мухолифони давлат дар ҷаласаи солонаи САҲА баргузор шуд ва сипас онҳо дар назди дафтари САҲА дар Душанбе ҷамъомадҳои эътирозии худро давом доданд.

Донишҷӯён аз Муҳиддин Кабирӣ, Додоҷон Атовуллоев, Шарофиддин Имомов ҳамчун “ватанфурӯш”, “хоин” ва ғайр ном бурда, аксҳои онҳоро зери по карданд ва оташ заданд.

Яке аз донишҷӯён мегуфт, “ин хоинон бояд пойи моро бӯса кунанд. Зеби онҳо ҳамин аст. Онҳо ҳамин қадар қадр доранд. Инҳо замини Тоҷикистонро ҷазир карданд.”

Мақомоти корҳои дохилӣ баъд санг андохтан ба бинои дафтари САҲА чанде аз ин ҷавононро дастгир карда буданд.

Дар ҳамин ҳол Аслиддин Хушвахтов, яке аз масъулини гуруҳи “Авангард” ва аз иштирокчиёни фаъолияти ин ҷамъомади эътирозӣ мегӯяд, имрӯз эътирози онҳо идома намекунад.

 

 

Эътирози ҷавонон дар Душанбе баъд аз он сурат мегирад, ки гурӯҳе аз аъзо ва тарафдорони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва дигар гурӯҳҳое, ки худро мухолифони давлати Тоҷикистон меноманд, рӯзи 19 сентябр бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Варшава хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон шудаанд.

Ин гуруҳ вориди толори ҷаласаи САҲА шуданд, ки дар онҷо Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик ва ҳайати Тоҷикистон ҳузур дошт. Ҳайати Тоҷикистон дар пайи ин иқдом дирӯз 23-юми сентябр ҷаласаи солонаи САҲА-ро бо нишони эътироз тарк намуд.

Назарҳо

Ночавонмардо кувваи муборизаи сиесати солимро надорен ба сиесати номардона даст мезанен. Биеед муборизаи сиесати солимро аз... биомузед. Ха.ха.ха. номардо.
Мо ҳам безорем ай кабирию рабирӣ ва ҳамаи бадхоҳони миллат, аммо ба и сорнаҷар донишҷу заъфи даалати товикистона нишон мета .
Муред ба хамин рузатон кати спектакли кардаатон кормандони хукуматро режисери театр кардан даркор режисери хеле хуб мебарояд
Ин намоиши чавонони нодон ба рамаи гусфанде монанд аст, ки ба кадом тарафе чупон хай кунад хамон тараф мераванд. Агар ягон кас монанди инхо чамъ оянду нест бод коррупсия, нест бод хешутаборчиги ва махалчиги ва нест бод лимити барк гуянд, дарав бурда махкам мекунанду боз гов суд хам мекунанд. Ин чавонон митингу чангхои солхои 1990-1993-ро надидаанд, аммо хамин худи хукумати имруза мефахмида бошад, ки бо ин корхош онхоро митингбозиро ёд дода истодаанд.
сатру риша тарошидан чавонмардо кучо буден? ,эхх хов буден бахшиш аз шумо ,масчитора китобхона кардан кучо буден? эхх бахшиш шумо дарс мерафтен хабар надоштен ,бад шумо аз кучо фахмиден ,ки ОБСЕ дар кучохай А ро аз Б фарк намекунен боз дар политика куш мешен равен мактаботона хонед .ки як саводи комил гиред 99 % студентои точик бесаводан ,хукумат худуш медонад чикор кунад бо хоинони давлат
Ҳамин ҷавонони монанд ба гусф....д маънои экстремистро намедонанд
Ин чавонон,ки аксхои Кабириро месузонанд шумо мегуед,ки ночавонмардона рафтор мекунанд.А шумо худатон кай чавонмард будед?Хукумати Точикистонро,Ватани худатонро дар хоричи кишвар танкид кардан чи ин чавонмардиаст магар ?Он чавононе ки як гурухча ватанфурушон дав Варшава онхорахгумзадахо хастанд,Кабири ва дигар чинояткороне,ки дар хоричи кишвар хастанд ва медонанд,ки агар ба Точикистон биеянд,хабси абад мешаванд,ба хар рох ин чавононро гумрох карда истифода мебаранд.Хар корро раво мебинанд.
хамин нахзатихо ба хости худашон гурехтанд е шумо сур кардед) дар варшава ин я эътирози озодихохи буд хеч гап надороад) ягон нахзати хоин нест балки дилашон ба ин давлат месюзад) э бесодое бесаводо

Шояд шумо суол ё назаре доред?