Оташсӯзӣ дар Восеъ ҷони 3 ноболиғро аз байн бурд

Дар натиҷаи оташ гирифтани коҳдон дар ноҳияи Восеъ 3 ноболиғ ҷони худро аз даст доданд.

Аз Вазорати корҳои дохилӣ ба TojNews иттилоъ доданд, ки ҳодисаи сӯхтор дирӯз 31-уми октябр, соати 16:20-дақиқа дар коҳдони сокини сокини деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ, Қурбонов Маҳмадалӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба иттилои манбаъ, ноболиғон Умарҷони Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 2014, Сулаймони Идрис, соли таваллудаш 2011 ва Меҳридини Ёқубҷон, соли таваллудаш 2013, дар натиҷаи сӯхтани қисми зиёди бадан дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин аз ин ҳодиса соҳибхоназан Аҳмадова Шаҳноза осеб дида, дар беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ шудааст.

Манбаъ ҳамчунин гуфт, сабаби сар задани сӯхтор беаҳамиятии волидайн ва оташбозии кӯдакон дар ҷойи ҳодиса мебошад. 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?